Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Ба хотири ту ҳам, Файзуллоҷон,-шарҳ дод Зумуррад.-Охир Ҳоҷӣ маъракаи хурсандиро маҳз ба хотири аз хизмат баргаштани ту мегузаронад. Баъдан, худи ту «ба назди Аскар бубаред» гуфта илтимос кардӣ, фаромўш кардӣ-чӣ?
-Ин гапро барои он гуфтам, ки хонаи акои Аскарро надидаам,-худро сафед карданӣ шуд Файзулло.
Дар ин асно онҳо ба назди ҳуҷраи дараш рангпаридаи оҳанин расида, қарор гирифтанд.
-Ана ҳуҷраи Устод,- ба дари ҳуҷра ишора карда гуфт Зумуррад.-Аслан ин ҳуҷраи худи Устод не, аз апаам- Гавҳар аст. Апаам онро аз дилсўзию хайрхоҳӣ ба Устод тўҳфа кардааст.
«Ана ин гапи нав! Онро махсус дар дафтарча қайд кардан даркор!-хушҳолона аз дил гузаронид Файзулло.- Беҳуда «зани хайрхоҳу ҳимматбаланд» гуфта Гавҳарро таъриф намекардааст тағояш».
Дари ҳуҷра нимроғ буд. Аз дарун бўи тафи мағору туршии шароб ба димоғ расида, касро нафасгир мекард.
Файзулло дарҳол рўймолчаашро аз ҷайб бароварда, бинияшро маҳкам кард. Зумуррад бошад, бепарво, мисле ки озод нафас мегирифт, дарро оҳистаю боэҳтиёт кушода, қадам ба остона гузошт. Файзулло аз пасаш вориди ҳуҷра шуда, пойафзолашро кашиданӣ шуд.
-Пойлуч накун, дар гарду чанг меғутӣ,- маслиҳат дод Зумуррад.- Ин ҷо гилему палосе нест, ки дар болояшон қадам монӣ.
Дарвоқеъ, фарши ҳуҷра на гилем дошту на палосе, хоп-холӣ, лучу урён буд. Як ваҷаб гарду чанг зер карда буд гирду пеши ҳуҷраро. Файзулло саросема ба чор тараф чашм давонда, аз дидани манзараи ҳузнангез дилгир шуд, сахт хорияш омад. Дар миёнҷои ҳуҷра мизи фарсудаи рангпаридае бо ду курсии шалақ меистоданд.
Дар болои миз чанд пора нони хушкидаву мағорбаста, як пиёлаи дер боз ношуста; як ваҷаб гард дошт болои тахтаи миз ва дар пояҳои он тортанакҳо тор танида буданд.

пешина
аз 208
навбатӣ