Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз заводи семент то маҳаллаи 63-юм (ба тахмин 10-15 километр) роҳи андак нест, ки онро дар як мижжа задан тай намоӣ. Вале ин кор барои мошини тамғаи «Ҷип»
саҳлу осон будааст. Ва ё шояд ҳамааш аз маҳорати ронанда вобаста аст? Шояд. Аммо киро боварияш меояд, ки ин ронандаи бомаҳорат, чусту чолок, бебок, нотарс, далер, ҷасур, балки ин вайронкунандаи қоидаҳои ҳаракати нақлиёт, ин ронандаи нозирони бозрасии автомобилиро писанд намекардагӣ, мард нею зан аст?!
Ба назари Файзулло, ки дар паҳлўи ронанда нишаста, аз тарс рангу рўяш канда буд, чунин намуд, ки ҳамин лаҳза ё лаҳзаи дигар «Ҷип»-и «бодпо» ба мошине бармехўраду чаппагардон мешавад ва ё пиёдаи бадбахтеро пахш мекунаду фалокати калоне ба сарашон меояд. Не, , ҳамааш ба хубӣ анҷомид. «Ҷип» шоҳроҳи марказӣ, кўчаю паскўчаҳоро тирвор гузашта, дар роҳи қад-қади дарёчаи Душанбе аз пасаш гарду чангро ба ҳаво хезонда омаду дар саҳни иморати баланди нўҳошёна таққӣ қарор гирифт.
-- Аз ҳад зиёд саросема ҳай кардам-а, Файзуллоҷон?- аз мошин фуромада, бо заҳрханд гуфт Зумуррад. Ва шарҳ дод:-Тез омаданамон сабаб дошт, ҷўра. Апаам дар қишлоқ раҳи маро пойида шиштааст. Андаки дигар дер кунам, пўстама меканад!
«Ҳм! Вале андаки дигар тезтар мерондӣ, пўсти ҳар дуи моро оҳанпораҳои «Ҷип»-и маҷақшуда канда мепартофтанд»-дам назада, аз дил гузаронд Файзулло.
Файзулло бо ин духтари ҳамдеҳаи тағояш ва бо аҳли хонаводаи онҳо на он қадар ошноӣ дошт. Аммо тағояш Сафарбек дар бораи фарзандони Мармар борҳо нақл кардааст, «духтарони боадаб, бофаросат, тарбиядида»,- гуфта, ҳар доим таъриф мекунад.
Ана ҳоло ба Файзулло муяссар шудааст, ки бо яке аз ин «тарбиядидагон», бо як нафар қаҳрамони «асар»-и нотамомаш аз наздик сўҳбат ороста, хислату рафтор, фикру ақида ва мақсаду маромашро дар зиндагӣ аз наздик омўхта, барои повесташ маводи зарурӣ ҷамъ оварад ва боз бедорхобиҳо кашидаву «майна об карда» аз сар нависад асарашро.

пешина
аз 208
навбатӣ