Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Қаҳрамонро, не,-хандид Файзулло.- Қаҳрамонҳои асарамро.
Ҳоҷӣ Сафарбек абру дарҳам кашид:
-Ҳоло ту асар ҳам навиштаӣ? Э, биё мон, ҳамин гапҳоро. Сарзанишу маломатҳои рафиқи ман-Аскарро фаромўш кардӣ-чӣ? Гуфта буд-ку, китоб навиштан кори ҳар кас нест. Туро сарзанишу маломат карда, таъна ҳам зада буд, ки дар умрат як мақолаи бутун нанавишта, даъвои нависандагӣ мекунӣ!
-Ана ҳамон Аскари ҷўраатонро «зан доданиям».
Ҳоло хонадор шуд, ё не? Агар муҷаррад бошад, ман ба вай Лоларо доданиям. Мешавад?
-Лолааш кӣ? Равшантар гап зан, ҷиян!-Сафарбекро қаҳраш омад.-Ба аскарӣ рафта, «нависанда шудам»
гуфта, ким-чӣ хел ба муаммо гап мезадагӣ шудаӣ?!
-Лола ҳамон Санавбар аст, ки рўзи охирини пеш аз аскарӣ рафтанам, дар ёд доред?, бо вай ҳамсўҳбат шуда будам. Дар асарам ўро аз рўи хислаташ «сабукпо» тасвир кардаам. Аскарро бошад, майзадаи касалманд.
Ҳарду ҳам дар зиндагӣ раҳгумкарда, бечораю мустаманд. Шояд дар тахмини хаёлотам хато накардаам. Аз ин рў, аз Шумо пурсиданӣ будам, ки ҳоло саргузашти онҳо ба кадом сурат аст? Он чӣ ки медонед, хоҳиш мекунам, аз як сар нақл кунед, баъд метавонам асарамро навишта пурра карда, ба охир расонам.
Ҳоҷӣ Сафарбек хаёлбофиҳои ҷиянашро соддалавҳиҳои кўдакона пиндошта, нобоварона сар ҷунбонд, оҳи чуқур кашид. Хост ўро мисли Аскар сарзаниш кунад, гапҳои болохонадор гўяд. Вале ба хотири он ки «меҳмон» аст, дер боз дидори ҳамдигарро надидаанд, худдорӣ намуд. Балки хандида таъриф кард ўро.
-Бофтаҳои хаёлат бад не, ҷиян. Рост мегўӣ. Аскари ҷўраи мо, афсўс, ки баъди ҳодисаҳои аз сараш гузашта батамом ба арақнўшию бадмастӣ дода шуд. Бале, ҳоло аҳволаш хеле бад. Дилаш сахт касал. Хору хазон шудааст, бечора. Лекин дар бораи Санавбар бошад… ўро чӣ ном ниҳодаӣ дар «асарат»?...

пешина
аз 208
навбатӣ