Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар оби чашмаи беруни боғ дасту рў шуст. Дар мошин нишаст, ки дар як гўшаи роҳ ниҳода буд. Ҳай кард. Ҳамин дам мошини сабукрави дигаре ношинос аз пеш баромад. Омаду дар муқобилаш қарор гирифт.. Аз дари он ҷавоне хушқаду қомат ва баобу тоб дар либоси аскарӣ сар берун кард.
Ҷияну тағо бошитоб ба истиқболи ҳам шитофтанд.
Ҳамдигарро сахт дар оғўш кашиданд. Гарму ҷўшон ҳолпурсӣ карданд.
-- Кай омадӣ?-саросема пурсид Сафарбек.
-Ҳамин шаб, қарибиҳои соати як расидам.
-Яъне, 15-уми ноябр?-бештар хушҳол шуд Сафарбек, аз он ки ба ҳар ҳол, тахминаш рост баромад.
-Бале. Чаро пурсидед, тағо? 15-уми ноябр ягон рўзи махсус аст?
-Албатта,-хандида гуфт Сафарбек.-Дар ҳамин рўз ба аскарӣ рафта будӣ. Фаромўш кардӣ-чӣ?
-Ҳа, рост!-дуру дароз андеша накарда ба ёд овард Файзулло.-Аммо ман худ ба ихтиёри худ нарафтаам-ку, зўран қапида бурданд…
Сафарбек бо навозиш пушти гардани ҷиянашро силакунон гуфт:
-- Ҳар чӣ ҳам бошад, хуб шуд, ки хидмати Ватанро адо карда омадӣ, ҷиян. Бубин, як ҷавони кори калон, ба обу тоб, чор кас медидагӣ шудаӣ! Ҳар духтар дида ҳавас мехўрад! Акнун тинҷ шудем, вақти он расидааст, ки бо апааму язнаам маслиҳат карда, дар тараддуди зангирият бияфтем.
-- Не, тағоҷон, ҳоло ман зангир нестам,-баҳонаҷўёна пушти сар хорид Файзулло.
-Барои чӣ?
-Якчанд сабаб дорад, тағоҷон. Аввал ин ки дар ягон мактаб хонда, соҳиби маълумот, касбу кор шуданам лозим. Дигар ин ки… қаҳрамонҳоямро бояд бо ҳам издивоҷ кунонам.
-Кадом Қаҳрамонро? Нафаҳмидам?

пешина
аз 208
навбатӣ