Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Хайрият, назад. Балки Ҳоҷӣ Камол фурсат надод; балки ў бо суханони ғайричашмдошти худ чунон сеҳре ба кор бурд, ки Аскар ҳатто маҷоли лаб кушода ҳақорат додан наёфт.
-- Ҳеъ, Аскарҷон-е! Аскар! Пеш наё, додар!-бо оҳанги илтиҷо ва каме таҳдидомез гуфт Ҳоҷӣ Камол.- Аввал ба гапам гўш андоз, ҳамшаҳр! Ту худ медонӣ, ки Ҳоҷӣ Камол, мисли ту гапи дилашро рўирост, беибо мегўяд.
Мард бошӣ, маро шунав: Ту ҳамеша тарафи занҳоро мегирӣ, аммо ба Худо, намедонӣ, касе, ки ба зан эътимод дорад, саҳв мекунад! Намедонӣ, ки гуфтаанд: «Зан аз шайтон зўр аст!». Магар он мақоли халқиро ҳам нашунидаӣ, ки боз гуфтаанд: «Даҳ сония кофист, ки шайтон мардеро фиреб диҳад, аммо ба зан як сония басанда аст, ки даҳ шайтонро фиреб диҳад!» Ту шояд ана ин ҳикмати дигари мардумро ҳам нашунида бошӣ, Аскарҷон: «Зану мол мардро ба ҳалокат мерасонанд…»
Ту аз он дарак надорӣ, ки зан мисли обу ҳаво ҳар лаҳза тағйир меёбад. Бале, ту бо тарафгирии занҳо раҳи ҳақ меҷўию аммо чӣ зотеянд ин занҳо, ҳеҷ чизро намедонӣ!
Барои ҳамин, мисли занҳо латта шудаӣ, Аскар! «Ман геолог» гуфта, шабу рўз дар ин адиру кўҳу пушта, дур аз дару хонаат гаштаию намедонӣ, ки занат дар қишлоқ «бесоҳиб», ҷаллаб шудааст. Бале, даъвои ғами занони мардумро мекунию мард шуда, зани худро дар бағали директори мактаб партофтаӣ, ҷўра! Ана ҳамин! Ман гапамро гуфтам! Ана акнун Худо инсофат диҳад, ҷанг мекунӣ, аз гиребонам мегирӣ, бо санг зада сарама мекафонӣ, ихтиёрат!
Ҳоҷӣ Сафарбек ин суханони фаҳшу дағалу дурушти Ҳоҷӣ Камолро шунида, ҳар лаҳза гиребонашро медошт, зери лаб «астағфрилло!» гўён тавба мекард. Вай ба худ тасаввур кард, ки ҳоло Аскар батар дар ғазаб меояд, батар девона мешавад, мезанад бо санг ин марди баддаҳанро, сарашро кафонда хуншор, майда-майда мекунад. Аммо бар хилофи гумонҳои ў, афсўс, Аскар,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё