Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Қадами 1. Синфро ба ду гурӯҳ тақсим кунед.
Қадами 2. Ба онҳо вазъиятро нақл кунед.
Вазъият: Хонае , ки дар он Асан дар иҷора гирифта буд, сӯхтор шуд. Хона ба пуррагӣ насӯхта буд, вале акнун барои таъмир хеле маблағ лозим буд. Коршиносон сабабгори сӯхторро муайян карда натавонистанд. Асан бовар мекунонад, ки ӯ ҳангоми сар задани сӯхтор
дар хонаи истиқоматӣ набуд. Бинобар ин, эҳтимолият он аст, ки ин бо сабаби ноқили нодурусти барқ ва сустии бехатарии оташфишонии
ҷои истиқоматӣ мебошад. Соҳибхона (соҳиби хона), Айнура апа, мегӯяд, ки иҷоракор аксар вақт дар хонаи истиқоматӣ сигор мекашид,
ва нимсӯхтаҳои сигорро ба сатили партов меандохт, ки шояд сабабгори сӯхтор шуданд. Айнура боварӣ дорад, ки сӯхтор аз сабаби беаҳамиятии иҷорагир, яъне Асан сар задааст.
Қадами 3. Ба гурӯҳҳо супориш диҳед. Гурўҳи якум карикатураи иҷоранишинро, ва дуюмаш иҷорадеҳро кашанд.
Гурӯҳи якум, - гурӯҳи дастгирии Айнура апа, ки манзилро иҷора медод.
Гурӯҳи дуюм, - гурӯҳи дастгирии Асан ҳастед, ки ки хонаро иҷора мегирифт.
Ҳамаи гуруҳҳо, бо назардошти мавқеи худ, ки дар ин ихтилоф ҷой гирифтаанд, вазъиятро тасвир кунанд. Ҳангоми презентатсия даста
метавонад ихтиёрӣ аз рӯи расми кашидааш нақш бозӣ кунад.
Қадами 5. Намоиши гурӯҳ.
Шумо чӣ фикр мекунед, ки аз намунаҳо кадомашон фактҳо ва кадомашон фикру ақидаанд?
Ин машқ нишон медиҳад, ки фаҳмидани факт ё ақида будани ҷумла баъзан душвор аст.
Дар хотир доред, ки фактҳо як чизи ба амал омада ва ё қабулшуда, ё чизе, ки эҳтимол меравад, ба наздикӣ рӯй хоҳад дод.
Масалан, мо барои фардо сафар карданро ба нақша гирифтем. Ин факт аст, зеро мо дар ҳақиқат ба нақша даровардем. Аммо, Аида,
масалан, мегӯяд, ки мо фардо ба сайри табиат меравем, вале ин сафар шавқовар намешавад. Ин фикр, ақида аст. Зеро, вақте ки мо ба
он ҷо меравем, хурсандӣ ё баръакс ғамгин мешавем, ҳанӯз маълум нест.
Худро санҷед.: ҷавоби дурусти масъала: 1 соату 20 дақиқа

пешина
аз 126
навбатӣ