САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Бемузд, бе манфиати шахсӣ ҳеҷ кас намехоҳад техника ва махсусан мошину хонаро ба одамони тасодуфӣ бахшад. Дар чунин эълонҳои фейкӣ якчанд
махсусиятҳои ба ҳам монанд дида мешаванд. Сарпарасти бозие, ки дар он бояд
сабти ном кард, ишора нашудааст.
Маълумот дар бораи шахс ва ширкат, ки масъули гузаронидани бозиянд, низ дастраст
нест. Муаллифони чунин матлабҳо чун қоида навкорон мебошанд, фаъолияти онҳоро санҷед, чӣ менависанд, оё метавон саҳифаи онҳоро чун саҳифаи шахс ё ширкати
воқеӣ қабул кард? Маъмулан бозии калон аз тарафи ширкатҳои бузургу машҳур гузаронида мешаванд.
Диққат!!!
Ҳамин тавр ба вуқӯъ омад, ки ман ба мамлакати дигар меравам, тиҷорати худро мекушоям ва
мисли одами муқаррарӣ зиндагӣ мекунам. Ман 2
хона дорам, яке дар Ростове-на-Дону, дигаре дар
Маскав. Ман дигар ба онҳо эҳтиёҷ надорам, хеле
танбал ҳастам, ки онҳоро бифурӯшам, намехоҳам
музоҳимат шавам. Ман қарор додам, танҳо ду хонаи истиқоматиро ба ду нафари ТАСОДУФӢ ТӮҲФА кунам, ки ин сабтро дубора барқарор кунанд.
Ман ғолибро дақиқан як моҳ пас аз генератори
рақами ТАСОДУФӢ муайян мекунам.
PS: Ман дар ақли худ. Зиёда аз) Ин спам нест.
Рафтем!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё