САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Қадами 3. Баъди дақиқае ҷараёнро боздоштан ва фаҳмидани он ки чанд мисолро довталаб ҳал карда метавонист.
Саволҳо ба довталаб: Оё ҳалли мисолҳо душвор буд? Агар душвор буд, чӣ халал расонд? Оё ӯ он хабарҳоеро, ки аз ҳамсабоқон шунид, ба ёд гирифт? Агар не, чаро? Агар ҳа, маҳз кадомашро? Хабар аз кӣ расид? Оё ӯ ( духтар) ба ҳал кардани мисолҳо халал расонд?
Чизҳое, ки аз ин одамон шунидӣ, оё фоидаовар буданд?
Мубоҳиса бо аҳли синф аз хусуси он ки ин машғулият баёнгари чист.
Хулоса: Бисёр хабарҳои партовию зиёдатӣ ба иҷрои кор халал мерасонанд, аз кор фориғ мекунанд ва дар натиҷа чизе дар зеҳн боқӣ намемонад. Ҳатто дар масъалаҳои оддӣ ҳам хатои зиёд содир мешавад (агар дар мисолҳо хатоҳо бошанд).
Қадами 4. Саволҳо ба донишҷӯён. Шумо ибораи “Фастфуд”-и иттилоотиро чӣ гуна мефаҳмед ва ин бо машғулият чӣ иртибот дорад?
Иттилои сабук, бефоида саргармкунанда ва фориғкунанда агар ба миқдори андак бошад, зарар надорад, аммо истеъмоли доимии он ба вайроншавии мағзи сар
оварда мерасонад.
Сифати иттилоъи истеъмолшаванда чун сифати хӯроке, ки мехурем, муҳим аст, зеро ин ба таври мустақим ба қобилияти фикрронии одам таъсир мерасонад. Бидонед, ҳамаи иттилоот: мақолаҳо, китобҳо, матлабҳо ва суратҳо, ба фаъолияти зеҳни шумо таъсиргузор аст. Мо ҳама мағзи сарамонро пур мекунем, иттилооти фаровон,
махсусан иттилои сабук шуморо танҳо ба истеъмолгар табдил медиҳад. Дар баҳои ин истеъмоли бефикрона мо пеш аз ҳама вақти худро қурбон мекунем. Худро ба ёд оред, чӣ гуна ҳар замон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешавед ва ҳам дар “ одноклассники” ва ҳам дар “ вконтакте” хондан шуруъ мекунед ва ба тамошои ҳар чизе, ки пеш ояд гузаштани вақтро мушоҳида намекунед. Дуввумин чизи арзишманде, ки бо ин саргармиҳо аз даст медиҳед, қобилияти таҳлили иттилоот мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё