Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

(Маводҳо: суратҳо бо номгӯи мессенҷерҳо; ҳама гуна маҷаллахои ранга, варақ бо мисолҳо ва қалам барои довталаб, варақаҳо бо супориш барои баччаҳо)
ҚАДАМИ 1. Интихоби шаш донишҷӯи фаъолу суҳбаторо. Яке аз онҳо (довталаб) аз дар берун мебарояд, то вақте ки дигарон дар варақҳо супориш мегиранд. Як дақиқа вақт додан барои хондану омода шудани онҳо.
ҚАДАМИ 2. Довталаб дар синф коғаз бо мисолҳо мегирад ва вазифаи вай дар давоми як дақиқа иҷро кардани ҳамаи мисолҳо ба таври хаттист.
Дар ин вақт бачаҳои дигар бо варақаҳо ҳаракати худро дар муносибат бо ӯ иҷро мекунанд.
Варақаҳо барои бачаҳое, ки дар “Шабакаи иттилоотӣ” бозӣ мекунанд.

Шумо бояд ҳамроҳ ҳаракатеро нишон диҳед ва дар баробари ин аз рӯи фикр гуфтугӯ кунед. Масалан, саҳна дар мағоза (Дугонаҳо либосҳоро андозагирӣ мекунанд) ё ду ҷавон ба муштзанӣ мераванд, ё ҳар ҳаракати дилхоҳи дигар аз ҷониби ду нафар.
Туро лозим меояд, ки бо худ ягон маҷалла ё рӯзномаро бигирӣ ва онро варақгардон намуда, суратҳоро ба ҳамсабақон нишон диҳӣ ва матни зери онро бо садои баланд бихонӣ ва бо қиссаҳои худ барои ҷалб кардани диққати ӯ кӯшиш кунӣ. Ҳар чӣ хоҳӣ метавон эҷод кард, дар бораи боду ҳаво ё сиёсат ва ҳар мавзӯе, ки хоҳӣ, гап занӣ, аммо фақат хомӯш мабошад.
Ту ба ҳамсабақат пеш аз ҳар ҷумла садое бароварда муроҷиат мекунӣ. Масалан: “дин-дин, субҳ ба хайр! Дин-дин, биё сӯҳбат кунем! Дин-дин, имрӯз ту кай аз даср бармегардӣ” ва монанди инҳо.
Ту бояд ба донишҷӯё, ки аз дар баромад муроҷиат карда дар бораи субҳонаат, имрӯз дар роҳ киро дидӣ, кадом либосро харидӣ бо таъкиди “Ту бубин, ки ман...”(имрӯз харидам, саҳар хӯрдам, дирӯз ёфтам ва ғайраҳо) ҳамеша гап занӣ

пешина
аз 126
навбатӣ