САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Вазифаи асосии журналист – ба мардум расонидани иттилооти дуруст дар бораи фактҳои воқеиву асоснок.
Иттилоот дар ВАО бояд объективӣ, пурра, муътадил, мубрам ва фаҳмо бошад.
Маълумотро ба андозаи меъёр бояд қабул кард.
Саводи расонавӣ – малакаи муҳими муосир.
Дар дарси гузашта мо дар бораи чӣ будани иттилоот, имрӯз чӣ таъсири ҷиддӣ расондани ҷараёнҳои он тақрибан ба тамоми соҳаҳои ҳаёт суҳбат кардем. Имрӯз сӯҳбатамон дар бораи он аст, ки бо кадом намуди иттилоот метавонед бархӯрд кунед. Дар сурати дастрасии комил ба иттилооти мухталифи интернетӣ шумо метавонед иҷозат диҳед, ки иттилоот ба зеҳни шумо зарба занад. Шояд шумо бо хондани фактҳои ҷолиби навбатӣ ё бо тамошои доимии суратҳои гуногун ва ё бо тамошои наворҳои вирусдор танҳо истеъмолгари иттилоъ хоҳед буд.
Шумо метавонед иҷозат диҳед, ки найранги иттилоотӣ шуморо таҳти таъсири худ гирад, масалан, вақте ки асабӣ мешавед, Мисолашро баъдтар хоҳам овард. Аммо низ метавонед зиндагии худро идора кунед, малакаи худро такмил диҳед, агар манбаъҳои иттилоъеро, ки технологияҳои муосир мекушоянд, ҳадафмандона истифода баред. Чунин иттилоотро ҳоло воситаҳои гуногуни коммуникатсионӣ, аз ҷумла, интернет, рӯзномаҳо, радио ва телевизион пахшу интишор мекунанд.
ҚАДАМИ 1. Мубоҳиса. Имрӯз мо бо шумо дар бораи иттилоъ ҳамчун ғизо суҳбат мекунем. Иттилоъ ҳам чун ғизо метавонад фоидаовар, зараррасон ва низ метавонад “фастфуд”-и иттилоотӣ бошад. Ба назари шумо “фастфуд”-и иттилоотӣ чист? (агар шунавандагон ҷавоб надоранд, чӣ будани “фастфуд” ба муҳокима пешниҳод шавад. Сипас бо роҳи муҳокимаи муштарак ба хулосае бояд расид, ки ҳамчун дар хӯрок дар “фастфуд” низ калорияи холӣ мавҷуд аст. Ҳамин гуна иттилоъ низ метавонад холӣ бошад ва ба хонанда ба ғайр аз саргармӣ чизи дигаре набахшад.
Асри 21-ро аллакай асри истеъмолгарӣ номидаанд ва ин на танҳо ба ашёҳои маишӣ, хӯрокҳо, либосҳо, балки ба иттилоот низ дахл дорад. Ҳоло замони истеъмоли барзиёди иттилоот аст. Инак, маълумотҳое, ки инро собит менамоянд:
Дар ҳар дақиқа
- Дар интернет 204 000000 мактубҳои электронӣ ирсол мегарданд.
- 6 000000 саҳифа дар Facebook ва 20 млн. сурат дида мешавад, 2 460 000 матлаб интишор меёбад.
- Дар Youtube 1 300000 навор пахш мешавад ва дар ҳамин сомона паёмҳои навории хронометражӣ дар ҳаҷми 72 соат мерезад. Ба ибораи дигар, барои тамошои наворҳое, ки дар давоми як дақиқа дар Youtube гузошта мешаванд, шумо бояд 3 шабонарӯз бе таваққуф вориди интернет бошед.
- Низоми ҷустуҷӯии гугл дар як дақиқа 4 000 000 дархостро коркард мекунад.
- Дар вотсап-мессенҷер дар ҳамин як дақиқа 347 222 аск фиристода мешавад.
- Дар твиттер 277 000, дар инстаграм 216 000 матлаб нашр мешавад.
Дар ин бора ширкати технологии domo (ба коркарди таъмини барномавӣ, воситаҳои технологӣ, консалтинг машғул аст) маълумот додааст. Ин маълумотҳо нишон медиҳанд, ки ҷараёни иттилоотӣ чӣ қадар бузургу мӯҳташам аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё