САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Қадами 5. Илова ва такмили омӯзгор
Олимон муайян кардаанд: ба наврасони аз 14 то 18-сола 8-9 соат хобидан зарур аст. Дар вақти хоб ҷисму зеҳни кӯдакон оромиш меёбад ва баъди хастагии ҷисмониву зеҳнӣ барқарор мегардад. Агар наврас аз хоб сер нашавад, ба зудӣ пажмурда, оташин ва бетаваҷҷуҳ мешавад. Қобилияти кории ӯ то 30 дарсад кам мешавад.
Наврасон метавонанд вақти худро дар назди компюетр аз рӯи чунин меъёр гузаронанд: наврасони 10-12-сола 0,5 – 1 соат, 13-16-сола - на бештар аз 1,5 - 2,0 соат
Таваҷҷуҳ! Агар нишондодҳо аз меъёр кам ё зиёд бошанд, тавсия мешавад, ки реҷаи рӯзи худро ислоҳ кунанд.
Дар ташаккули ҷаҳонбинии одам Васоити ахбори омма нақши муҳимро иҷро мекунад. ВАО метавонад дар баробари судмандӣ зиёновар низ бошад. Рӯй гардондан аз иттилооте, ки аз ВАО дастрас мегардад, кори душвор ва ҳатто номумкин аст. Танҳо дар сурати ба назари танқид дарк кардани ҳар иттилои воридшаванда метавон дар селоби ахбор нағарқида шино кард.
ҚАДАМИ 1. Саволҳо ба донишҷӯён: Шумо маънои мафҳуми “Саводи расонавӣ” ва “Омӯзиши расонавӣ”-ро чӣ гуна дарк мекунед?
ҚАДАМИ 2. Шунидани ҷавобҳои тахминии донишҷӯён.
Дар навбати аввал истилоҳҳоро бояд маънидод кард. Агар саводнокӣ ба маънии васеъи ин истилоҳ, натанҳо хондан ва навишта тавонистан ба забони модарӣ,
балки навиштан мувофиқи қоидаи имло ва дурустнависӣ бошад, пас, саводи расонавӣ ин дарку таҳлили матнҳои расонаҳо ва ҳамчунин эҷоди онҳост.
Росона ва саводи расонавӣ аз чӣ иборат аст:
ҚАДАМИ 4. Муҳокима ва мубоҳиса, донишҷӯён ҳар як нуктаро чӣ гуна дарк мекунанд
Саводи расонавӣ аз чунин қобилиятҳо иборат аст:
• Донистани нақш ва вазифаҳои ВАО;
• Танқидомез таҳлил кардан ва баҳо додан ба муҳтавои расонаҳо;
• Корбурди ВАО барои иштироки демократӣ, гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва омӯзиш;
• Мустақилона истеҳсол намудани маҳсулоти расонавӣ:
Барои омӯзгорон: ба донишҷӯён фаҳмондани шабакаҳои иҷтимоие, ки расонаи навин мебошанд, ба ҳар яке додани имкони кушодани саҳифаҳо дар фейсбук, гузоштани суратҳо дар инстаграм, навор дар ютуб ва ба монанди инҳо;
• Соҳиби технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва дигар тавоноиҳои расонаӣ. (Эъломияи Грюнвалд дар бораи омӯзиши расонаӣ, соли 1982)
Омӯзиши расонавӣ қисми асосии ҳуқуқи ҳар шаҳрванди тамоми кишварҳо ба озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот мебошад ва пояи демократияро мустаҳкам месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё