САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Дар истеъмоли иттилоот на миқдор, балки саривақтӣ ва сифати он муҳим
аст. Ба мардум донистани бештар ва бо ин дониш аз дигарон пештар будан,
ё пахншавии иттилоот, аммо аксар вақт ин донишхо сатҳию рӯякист. Ин ба чӣ
оварда мерасонад? Ин ба он оварда мерасонад, ки беандеша ҳама чизеро, ки
интернет пешниҳод мекунад ё лаҳзае дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо суратҳову паёмҳо паҳн мешавад, мардум фурсати дарку ҳазми онро намеёбанд ва танҳо маълумотҳоро ҷабида мегиранд, чуноне ки бадан дар вақти хӯрдани калорияи холии
“фастфуд” равғанро ҷамъ мекунад. Барои он ки иттилоот дар вақти зарурӣ хубу
басифат таҳлил карда шавад, бояд нишасту онро дарк кард, дар ҳолати зарурӣ ба
худ чанд савол дода, барои ёфтани ҷавоби онҳо кӯшиш бояд кард. Аммо барои ин
вақт кофӣ нест, зеро ҳамаи вақт ба ҷамъоварии иттилоот сарф мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё