САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Имрӯз дар идомаи дарси воситаҳои ахбори омма ва саводи расонавӣ мо бо шумо дар бораи фаъолияти журналистон ва ба кадом иттилоъ ҳуқуқи дастраси доштан, ва вазифаи журналистон барои пешниҳоди маводи ба мо лозимаро меомӯзем. Чӣ гуна будани иттилоъи журналистӣ, ба кадом меъёрҳо ҷавобгӯ будани онро бо ҳам дида мебароем, то сифати матлаби журналистиро пеши худ муайян кунем. Ва дар фарҷоми дарс чӣ будани ВАО ва дониши иттилоотиро муҳокима мекунем.
ЖУРНАЛИСТ КИСТ?
Донишу малакае, ки шумо аз дарсҳои адабиёт аз худ мекунед, ба одамони касбу корашон гуногун заруранд. Аммо ҳоло ман мехоҳам танҳо дар бораи касби рӯзноманигорӣ бигӯям. Таърихи журналистика аз асрҳои миёна сарчашма мегирад. Аз замоне, ки ҷорчиҳо, хатбарон ва қосидон амру фаромонҳоро мехонданд. Қисман аз ин сабаб дар журналистикаи муосир номи рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамон паёмрасонҳоро ба ёд меоранд. Масалан: Форум, минбар, паёмнома, хаткашон ва ба монанди инҳо.
Журналистика (аз калимаи фаронсавӣ- journal – рӯзнома)
– ин намуди фаъолияти ҷамъиятиест, ки ба ҷамъоварӣ, коркард ва нашри хабару матлабҳои муҳим тавассути шабакаҳои иттилоърасон (матбуот, радио, телевизион, синамо ва ғайраҳо) равона карда шудааст. Ҳамин тавр, журналист касест, ки дар низоми воситаҳои ахбори омма фаъолият мекунад.
Вазифаи асосии журналист – ба ҷомеа расонидани хабарҳои муҳиму рӯзмарра ва фактҳои дурусту воқеӣ. Ваколати журналист аз ҷустуҷӯ ва навиштани мақолаҳо, хабарҳо, матнҳои таблиғотӣ, репортажҳо, шарҳҳо, очеркҳо ва ғайраҳо иборат мебошад.
Журналист – нафаре, ки ҳамчун машғулияти асосӣ ба фаъолияти рӯзноманигорӣ тариқи ҷамъоварӣ, дарку фаҳмиш, рӯи коғаз овардани ахбор дар бораи фактҳои муҳим, рӯйдодҳо, одамон ва ҳодисаву падидаҳо салоҳият дорад. Журналистони аз ҷиҳати касбият то андозае бонуфуз барои ифодаи афкори ҷамъиятӣ ва назари шахсӣ ба фаъолияти публитсистӣ рӯй меоранд. Давлат ба сифати сохтори ваколатдор ба фаъолияти ВАО дахолат мекунад. Журналистон фаъолияти худро дар доираи кодекси этикаи касбӣ ба роҳ мемонанд. Меъёрҳои этикаи касбии журналист унсури муҳими низоми худидоракунӣ дар ҷамъияти касбӣ мебошанд. Беғаразӣ ва воқеъбинона инъикос намудани рӯйдодҳо принсипҳои этикаи касбии журналист мебошанд, ки қариб дар ҳама санадҳои этикӣ зикр ёфтаанд. Онҳо журналистро вазифадор мекунанд, ки хабарро аз якчанд сарчашмаҳо тафтиш ва дақиқ намояд ва дар атрофи ҳама масъалаҳо назарҳои гуногунро пешниҳод намояд.
ИТТИЛОЪИ ОБЪЕКТИВӢ
Хабар дар ҳолате объективӣ аст, ки ба андешаю ҳукме вобаста набошад.
Мисол:
“Кӯча гарм аст” хабари субъективиро ифода мекунад, “ҳавои кӯча 22 °С аст” факти объективист, агар ҳавосанҷ дуруст кор кунад.
Хабари объективиро бо ёрии асбобҳои ченкунии бенуқсон ба даст овардан мумкин аст. Хабар дар зеҳни одами мушаххас инъикос ёфта, объективӣ буда наметавонад, зеро вобаста ба фикру мулоҳизаронӣ, таҷриба ва дониши субъекти мушаххас тағӣир меёбад (ба андозаи кам ё зиёд).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё