Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИМ:
Ҳуқуқшиносони расонаҳо мегӯянд, таҳқир ва тӯҳмат – нисбат ба одамкӯшӣ, ғоратгарӣ ва лату кӯб на он қадар ҷинояти вазнин мебошад, барои ҳамин ҳам тафтишоти ҷиноятӣ “барои сухан” гузаронидан зарурият надорад. Аммо қонун вазифадор мекунад, ки рӯзноманигор барои маводҳои худ ҷавабгарӣ дошта бошад, тафтиш кунад, асосҳои дақиқ будани маълумотро кобад. Инчунин қонун ҳуқуқи дастрасиро ба маълумотҳои давлатӣ низ пешниҳод мекунад. Шумо бояд донед, ки чунин ҳуқуқро ҳар як нафар дорад. Шумо ҳуқуқи талаб кардани маълумот оиди фаъолият ва хизматрасониҳои идораҳои давлатиро доред, бе назардошти маълумотҳои сирри давлатӣ ё маълумотҳои махфӣ.
Сирри давлатӣ – иттилоот, ки маҳфуз аст ва бо ҳамаи воситаҳои интиқолкунанда, бехатарӣ, ба қобилияти мудоифавӣ дахл дорад, манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро ҳастанд, ва таҳти назорати давлат буда бо номгӯ ва қоидаҳои махсус, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд.

  1. Журналист бояд: саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;
    (боби 4, м.29 Қонуни ҶТ «дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО»)
  2. Озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.
    Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷў, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.

Иттилоот - ин маълумот дар бораи олами атроф.

  • ВАО вазифаҳои муҳимро ба анҷом мерасонад, натанҳо иттилоот, инчунин иҷтимоигардонӣ, сафарбаркунӣ, шаклдиҳии мафҳуми иҷтимоӣ ва ғайра мебошад.
  • Озодии сухан бевосита бо сатҳи демократия вобаста мебошад.
  • “Барои сухан” набояд таъқиби ҷиной бошад.
  • Ҳар яке нафар ҳуқуқи гирифтани иттилоъро дорад, ба шарте, ки он асрори давлатӣ ва ё конфеденсиалӣ набошад.
пешина
аз 126
навбатӣ