САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Барои муаллимон:
Қадами 1. Хонандагонро ба гурӯҳҳои хурд тақсим намоед. Гурӯҳҳоро вазифадор кунед ҳолатҳое, ки моддаьои зерини қонун пешбинӣ шудааст, дар асоси он кори
худро пешниҳод кунанд (расм кашанд ё саҳнача гузоранд):
Гурӯҳи 1. Ягон нафар барои паҳн намудани маводи худ, ки шаън ва қадри шахсиятро паст мезанад ба тафтишоти ҷиноятӣ кашида намешавад. Яъне, ягон нафарро нобаҳангом нафаре таҳқир ё тӯҳмат кунад, ҷавобгар ба ҷазо кашида намешавад.
Гурӯҳи 2. Рӯзноманигор вазифодор аст: - саҳеҳ будани пайёми худро тафтиш кунад.
Эъзоҳ: Аз ягон нафар рӯзноманигор барои пешниҳод намудани маводи дақиқ ҷавобгариро намегиранд. Чунин парвандаҳо фақат дар асоси ҳуқуқи гражданӣ баррасӣ карда мешаванд.
Гурӯҳи 3. Кафолат ва принсипҳои озодӣ, дастрасӣ ба иттилоот.
Моддаи 135. Тўҳмат
- Тўҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани таҳсилоти бардурўғ, ки обрўю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меорад, бо корҳои ҳатмӣ ба мўҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
- Тўҳмате, ки дар баромадҳои оммавӣ , асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда, дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет инъикос ёфтааст,бо корҳои ҳатми ба мўҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
- Тўҳмате, ки бо гунаҳгор донистани шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин, алоқаманд аст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё