САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Хабар дар сурате объективӣ мешавад, ки журналист матлабро муғризона таҳия накунад, агар ӯ ҳақиқатро ҷӯяд ва дар мавзӯи мавриди омӯзишаш андешаи худро таҳмил накунад. Ин маънои онро надорад, ки журналист соҳиби андешаи шахсӣ нест, балки маънояш ин аст, ки ӯ наметавонад барои тасдиқи ҳукми худ хабарро истифода кунад.
Масалан, беморон ба журналист вобаста ба мушкилоти хидматрасонии тиббӣ дар бемористони ноҳия муроҷиат менамоянд. Дар зимни мавқеи беморон журналист бояд барои баёни андеша ба роҳбарияти бемористон имкон диҳад ва дар ҳоли зарурат бо намояндагони вазорати тандурустӣ ва ё сохторҳои зертобеъи он дар ноҳия
ҳамсуҳбат шавад. Инро эътидол меноманд.
Мувозинат дар матлабҳои ВАО – ҳолате, ки ба ҳама ҷонибҳои ҳодиса, ҷараён ва муноқиша имкони изҳори андеша дода шавад. Ин қоидаи тиллоист. Дар зимни баҳси ду ҷониб эҳтимол андешаи шахси севумро – андешаи одами бетараф, коршинос, таҳлилгар, ки ҳолатро холисона аз як канор мушоҳида мекунад гирифтан аз манфиат холи нест.
ПУРРАГИИ ИТТИЛОЪ
Иттилоъро дар сурате метавон пурра ва комил донист, ки барои фаҳмидан ва тасмим гирифтан кофӣ бошад.
Мисол: Орзуи муаррих пайдо кардани маълумоти пурра дар бораи давраҳои сипаришуда аст, вале маълумоти таърихӣ ҳеҷ гоҳ комил намешавад ва пуррагии маълумот ба сабаби фосилаи замонӣ коҳиш меёбад. Ҳатто ҳодисаи дар пеши назари мо рӯйдода ба пуррагӣ сабт намешавад, бисёр чизҳо аз ёд мераванд ва хотирот ғалат маънидод мешаванд. Иттилои нокомил боиси хулосабарориҳо ё тасмимгириҳои нодуруст мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё