САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
ПОРТРЕТИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАСИ МУОСИР
Барои пешгири намудани ингуна вобастагӣ дар наврас, ба ӯ хеле шавқовар ва равшан будани ҳаёти воқеӣ, нисбат ба ҳаёти виртуалӣ, муоширати зинда аз муошират дар Интернет беҳтар буданашро нишон диҳем. Ба наврас дилхушиҳоро, ки бо Интернет алоқаманд нестанд нишон диҳем, ӯро бо чизҳои шавқовар ва муфид ҳавасманд кунем, охир дар ҳаёти воқеӣ, нисбат виртуалӣ ҳама чиз хеле беҳтар аст.
Қайд кардан зарур аст, ки дар истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи наврасон тарафҳои мусбӣ низ вуҷуд доранд.
Тадқиқотҳои дар 119 – ум солонаи ассотсиатсия равоншиносони амрико пешниҳод шуда, нишон доданд, ки наврасон- интервентҳои гӯшанишин ва аз муошират дур малакаҳои иҷтимоиро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд (сӯҳбатро дошта тавонистан, далел овардан, афкори мунаққидиро қабул карда тавонистан ва ғайра). Ин барои он ба вуҷуд меояд, ки одамони шармгин худро дар назди экрани монитор бехатар ҳис мекунанд (ё ин ки смартфон, планшет, умуман ҳамаи гадҷетҳои ба Интернет пайвасшуда).
Равоншиносон тасдиқ мекунанд, ки наврасон ҳиссиёти худро нисбати дигарон бо ёрии шабакаҳои иҷтимоӣ ифода мекунанд, ки тарафи мусбии Интернет- захираҳоро нишон медиҳад.
Одамони зиёд бо норасоии муносибатсозӣ ҳастанд, ки аз вайроншавии спектри аутистӣ азият мекашанд. Ин вайроншавӣ дар сатҳи гуногун ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Дар як ҷониб – аутизми кӯдаконаи бармаҳал, дар дигар ҷониб – афзурдагӣ, ки дар доираи он имконияти муошират маҳдуд шудааст, комилан зеҳнро нуқсондор намекунад. Барои одамони дорои ин хусусиятҳо имкониятҳои онлайн-муошират – ин, бегуфтугӯ, наҷот ёфтан аст, дар ин ҷо барои бо одамони зинда муошират кардан қувваи равонии бо шиддат талаб карда намешавад. Бо шарофати Интернет барои худ тоқча (ниша) сохтан, пиллаи худ,ки дар он бо осонӣ вуҷуд доштан – бо баробари ин муҳим будан, имкониятҳои зеҳнии худро амалӣ намудан, комилан пурра ва шавқовар зиндагӣ кардан мумкин аст.. Барои ин намуди одамон муошират дар шабака имконияти иҷтимойшавиро медиҳад.
Дар ҷамъбаст чунин хулоса баровардан мумкин аст: истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи наврасон хатарҳои худро дорад ва бо баробари ин имконияти беҳтарин барои ташаккули шахсӣ ва муошират мебошад.
Синну соли наврасӣ – яке аз мушкилтарин давраи ташаккули инсон аст. Баъзан ҳам волидайн, ҳам наврасон ба саволе дучор мешаванд – чӣ тавр давраи гузаришро тезонидан мумкин аст, ки дар он як чанд сол дар намонем? Ягон хел восита вуҷуд дорад, ки аз ин мушкилиҳо халос шавем?
Ягона чизе, ки барои нигаҳ доштани саломатии ҷисмонӣ зарур аст – ин бо варзиш, ё бо дигар фаълияти маъқул машғул шудан аст, ки истифода бурдани қувваи ҷисмониро талаб мекунад.
Барои он, ки наврасон ҳарчӣ камтар ба ҷароҳати рӯҳӣ дучор шаванд, зиракӣ ва хиради калонсолон зарур аст, токи наврасон дар бораи ҳамаи сирру асрори давраи гузариш бо камтарин талофот бохабар шаванд.
Чӣ хеле, ки омадани баҳорро пас аз замистони дилбазан тезонида наметавонем - синну соли гузаришро тезонидан номумкин аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё