Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Имрӯз мо бо шумо курси нав ва хеле муҳими таҷрибавии саводнокии

иттилоотӣ - расонавиро оғоз менамоем. Ба ҷомеаи муосир баландшавии нақши иттилоот ва дониш дар ҳаёти ҷомеа ва барпо шудани фазои ҷаҳонии иттилоотӣ хос мебошад.Он таъсири байниякдигарии иттилоии одамонро, дастрасии онҳо ба захираҳои иттиллоии ҷаҳонӣ ва қонеъгардонии талаботҳо дар мавод ва хизматҳои иттилоиро таъмин месозад. Мавзӯи дарси мо “иттилоот ва ахбори омма”, аммо биёед сараввал дида мебароем, ки иттилоот чист, кадом намудҳои он вуҷуд дорад ва он бояд чи хел шавад. Дар рафти дарс мо меомӯзем, ки чиҳо воситаҳои ахбори оммаро ташкил медиҳад ва он дар ҷомеа чӣ нақшро бозӣ мекунад. Курси мазкур аз 8 дарс иборат мебошад.

Биёед ба якдигар муваффақият мехоҳем.

Дар ҷомеаи муосир баландшавии нақши иттилоот ва дониш, барпо кардани фазои ҷаҳонии иттилоотӣ, хос мебошад; Он таъсири байниякдигарии иттилоии одамонро, дастрасии онҳо ба захираҳои иттилоии ҷаҳонӣ ва қонеъгардонии талаботҳо дар мавод ва хизматҳои иттилоиро таъмин месозад.
Иттилоот ин дониш, ки истеъмолкунанда дар натиҷаи дарк ва таҳлили маълумотҳои аниқ аз худ мекунад. Иттилоот дар шаклҳои ҳуҷҷатҳо, нақшаҳо, расмҳо, матнҳо, сигналҳои овозӣ ва равшании импулсҳои электрикӣ ва асабӣ меояд. Яъне ҳар объект иттилоотдиҳанда шуда метавонад. Ҳар иттилоъ бо воситаи хабар паҳн мешавад. Олами атрофро омӯхта, ҳар яки мо тассавуротамонро дар бораи он шакл медиҳем.
Ҳар рӯз мо ягон чизи навро меомӯзем – иттилоъ мегирем. Дар адабиётҳо бисёр маҳфуми ин терминро шарҳдиҳанда дарёфт кардан мумкин.

пешина
аз 126
навбатӣ