САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Аммо, аз ҳама поён бо ихроҷи ками энергия, ин акси худро дар сайт мондан ва гирифтани «лайкҳо» мебошад. Дар маҷмӯъ гирем, «лайк» - ин усули ҳавсмандкунӣ, ки роҳат ва эҳсосоти мусбӣ медиҳад. Маҳз бо ин мақсад наврас сурати навбатии худро дар сайт мемонад. Агар «лайк» нагирад, тундхӯ, ҷангҷӯ, оташин мешавад, ҳатто ба ҳолати афзурдаҳолӣ медарояд.
Камтар нишондодҳои ҷаҳонӣ. Каме пештар тадқиқотчиёни бритониявӣ бо гурӯҳи истифодабарндагони шабакаҳои иҷтимоӣ пурсиш гузарониданд, ки 53% одамон, қайд карданд,ки расонаҳои иҷтимоӣ ба рафтори онҳо таъсир мекунад, 51% истифодабарандагон эътироф карданд, ки таъби онҳо дар муқоиса нисбат ба дигар истифодабарандагон вайрон шудааст.
Албатта, шабакаҳои иҷтимоӣ қадри кифоя ба худэҳсосии наврасон таъсир мекунад, ки худбаҳодиҳӣ дар ин синну сол ноустувор буда, дар муқоиса ба дигарон ба ин ҷунбишҳо сахт гирифтор мебошад.
Ба ғайр аз ин, шабакаҳои иҷтимоӣ барои аз ҳад зиёд нишон додан мусоидат мекунад, ки дар ҳақиқат ба эътибор гирифтан лозим нест: ҳаёти виртуалӣ фаҳмиши арзишҳои ҳақиқиро вайрон мекунад. Истифодабарандагон доимо худро бо дигарон қиёс карда, дар бораи ҳаёти худ, рушд додани шахсияташон кам фикр мекунанд.
Аз ҳад зиёд шавқи истифодабарии ва муошират дар Интернет ба пайдо шудани муаммоҳои гуногун сабаб мешавад. Якум, дар интерент
– фароғаддӯстони ашшадӣ малакаи ҳамкорӣ ва имкониятҳои барпо намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ дар ҳаёти воқеӣ рушд намеёбанд. Бе смайликҳои маъмул фаҳмидани эҳсосоти воқеӣ ҳамсӯҳбатон барояшон хеле мушкил мешавад. Аз миён бурдан ва маҳдуд кардани усуслҳои анъанавии муошират ба вуҷуд меояд. Дуюм, он бо суръати тез дӯст пайдо мекунанд, ки ба руйхати махсус медароянд, аммо дар асл, ин контактҳои тезгузаранда мебошанд. Вақто, ки наврас чанд сад нафар дӯст дорад, бея гон хел дилозурдагӣ аз онҳо ҷудо мешавад, барои ин зиқ шуданаш ҳам даргумон аст. Умуман калимаи «дӯст» дар шавакаҳои иҷтимоӣ, бо мавҳуми одатии мо мувофиқат намекунад. Дӯсти, ки бо боварӣ алоқаманд буда, санҷиш ва ҳаракатҳои зиёдро аз мо талаб мекунад, дар шабака ин калима маънои чуқури инсониашро гум мекунад.
Хусусиятҳои муошират дар шабака ба мушкилот дар ташаккули мутоқибат низ мебарад. Дар қофои аватор ва никҳо пинҳон буда , дар як вақт бо шумораи зиёди одамон муошират карда, наврас «Ман»-и худро ёфта наметавонад. Дар ӯ дар бораи худ тасаввуроти номуайянӣ, тирагӣ ва ноустуворӣ пайдо мешавад. Ин ҳолатҳо мӯҳлати худ муайянкунии наврасро дароз карда, мӯҳлати мараторияи шахсиро дароз мекунад – давраи бӯҳрони байни наврасӣ ва ҷавонӣ, ки ҷараёнҳои мушкили болиғии фардиятро аз сар мегузаронад.
Вобастагии наврасро аз интернет чӣ тавр муайян карда мешавад? Якчанд нишонаҳо вуҷуд доранд:
- Вақти дар шабака гузаронидани ӯ зиёд мешавад.
- Аз ҳаёти воқеӣ норозигӣ пайдо мешавад.
- Ҳақиқат барояш бе ранг ва ҳузнангез метобад.
- Бехоби ва вайрон шудани тартиби рӯз.
- Агар дастрасӣ ба интернет надошта бошад наврас хашмгинона рафтор мекунад.
- Муаммоҳо дар хониш сар мезанад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё