САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Табиист, ки оилаҳо барои кӯдакони худ хавотир мешаванд, бо воситаи алоқаи мобилӣ доимо бо онҳо дар алоқа буда, онҳоро дар зери назорат медоранд. Дар ҳама ҳолат истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои алоқа дар асри имрӯза яке аз талаботҳои ҳаётии одамон мебошад. Бо вуҷуди он, технологияҳои муосирро бо риояи қоидаҳои махсус истифода бояд бурд. Бинобар ин, омӯзонидани фарҳанги истифода бурдани чунин технологияҳоро дар муасиссаҳои таълимӣ ва муассисаҳои тарбиявӣ ба роҳ мондан лозим аст.
Ҳамин тариқ, айни ҳол пайвасткунии воситаҳои ахбори омма ва технологияҳои компютерии навтарин барои фаъол намудани раванди таълим ва тарбияи наврасон мусоидат мекунад. Албатта, дар ин ҷо диққати махсусро сифати маҳсулот, ки системаҳои воситаи ахбори омма барои наврасон пешниҳод кардаанд мегирад.
4.4. НАВРАС ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
Наврасон ба шабака бо мақсадҳои гуногун медароянд. Гурӯҳи аз ҳама сершумораи истифодабарандагони Интернетро коммункаторҳо ва интернет – фароғатдӯстон ташкил мекунад. Барои онҳо Интернет дар навбати аввал ҷои ҷустуҷӯи дустон ва воситаи муошират мебошад.
Бо кӯмаки скайп, шабакаҳои иҷтимоӣ, месенҷерҳо, чатҳо ва форумҳо кӯдакон шиносӣ пайдо мекунанд ва бо шиносони пештара бештар муошират мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наврасон бо сурати тез дӯст пайдо мекунанд, ба рӯйхати махсус дохил шуда, расман мавқеи баланди «дӯст»-ро мегиранд, ки бисёрии онҳо ношинос буда, дар воқеъ шиносони кӯтоҳмуддат ҳастанд. Шумораи дӯстон дар синни наврасӣ бо шиддат зиёд мешаванд: дар асоси тадқиқотҳои Фонди инкишофи Интернет, қариб 70% кӯдакон дар синни 9-10 солагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 10 зиёд дӯст доранд, ба синни 15-16 солагӣ расиданд, дар ҳар як чорум наврас – аллакай аз 100 зиёд дустони онлайн пайдо мешаванд. Дар ингуна сайтҳо муошират карда наврас олами виртуалии худро бунёд мекунад. Нисбатан бо суръат дар ӯ вобастагӣ аз он ба вуҷуд меояд. Якчанд сабабҳо вуҷуд доранд, ки барои чӣ шабакаҳои иҷтимоӣ наврасонро ба худ ҷалб мекунад:
-
Дар интернет , нисбат ба ҳаёти воқеӣ ҳама чиз бисёр осон. Муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба одамон ягон хел ҷавобгарӣ ва ӯҳдадорӣ намегузорад.
-
Имконияти сохтани ҳамон ҳаёт, ки дар ҳаёти воқеӣ мехост.
-
Наврас метавонад ҳамаи маълумотро дар бораи худаш пӯшида нигоҳ дорад.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки аз тарафи наврасон хеле зиёд шудани акс гирифтани худ («селфи»). Равоншиносон маълум карданд, ду гурӯҳи одамон ҳастанд, алалхусус вобаста шудагон аз «худрекламакунӣ».
Гурӯҳи якум - ин одамон худбаҳодиҳии баланд доранд, ки пештар соатҳо дар назди оина ба худ маҳлиё мегаштанд.
Гурӯҳи дуюм – одамоне, ки худбаҳодии паст доранд, бо комплекси камқиматӣ. Ҳам барои наргис, ҳам барои камқимматҳо гирифтани «лайкҳо» , яъне нишонаҳое, ки акси онҳо маъқул шудаанд баробар муҳим ва зарур аст.
Дар равоншиносӣ мафҳуми «молидан» вуҷуд дорад. Молидан – ҳаракате, ки бо ин одам диққати худро ба шарикаш равон мекунад, ва бо ӯ муомила карда, сигнал медиҳад, ки ҳузури ӯро, ё инки худи ӯро ҳамчун шахсият қабул мекунад. Шарикаш айни замон ин ё он эҳсосотро ҳис мекунад.
Молидан – на балки дастрасонии ҷисмонӣ. Молидан – ин табассум, ин комплимент, дастгирӣ, фаъл гӯш кардан, қайд намудани муҳим будани одам.
Ҳамин хел фикрҳо вуҷуд доранд, ки молидан, мисли талаботи инсон ба хӯрок, ба об, ба ҳаво, ба гармӣ ба одам зарур аст. Норасоии молидан одамонро осебпазир ва ба манипулятсия гирифтор мекунад.
Наврас, мехохад, ки новобаста аз захираи шахсияташ набудан ӯро калонсол, мустақил қабул кунанд. Молиданро наврасон бо роҳҳои гуногун мегиранд. Баъзеҳо боғайрат ва хонандагони бомаъсулият дар мактаб. Дигарон молиданро дар муштзаниҳо ба даст меоранд. Саюмин ба худ диққат ҷалб мекунад, аз зоҳири худ мефахранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё