Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ПОРТРЕТИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАСИ МУОСИР

4.3.4.НАВРАСОН ВА ГАДҶЕТҲО

Кӯдакон ва наврасони имрӯза, аз ҳама бештар тарафдори телефонҳои мобилӣ, смартфонҳо ва планшетҳо мебошанд. Чанд соли гузашта бо ворид шудани авлоди нави телефонҳои мобилӣ, ки бо имкониятҳои бештар таҷҳизонида шуда буданд, ба монанди «Bluetooth», аксҳои баландсифат, видеокамераҳо ва имконияти пайвастшавӣ ба Интернет пайдо шуданд ва синну соли истифодабарандагони ин телефонҳоро синну соли аз ҳама паст дар бар гирифтанд ва бисёр кӯдакону наврасон аз ин технологияҳои нав хеле хуб истифода бурда метавонанд.

Барои тасдиқи ин факт: дар тадқиқоти мо 95% хонандагон қайд намуданд, ки телефон воситаи асосӣ барои пайваст шудан ба Интернет мебошад, бо ин мақсад 40% хонандагон аз компютер истифода мебаранд. Нишондодҳои мазкур индикатори дар сатҳи баланд паҳншавии истифодаи Интерент
дар байни ҷавонон мебошад.
Кӯтоҳ тарафҳои мусбӣ ва манфии истифодабарии телефонҳои мобилӣ аз тарафи наврасонро баҳогузорӣ мекунем.

ТАРАФҲОИ МУСБӢ:
• Баъзе истеҳсолкунандагони телефонҳои мобилӣ барои истифодабарандагон барномаҳои омӯзиши забони англисиро дар шакли видео-дарсҳо ё семинарҳо пешниҳод мекунанд. Бо кӯмаки ин хизматрасонӣ хонандагон дар омӯзиши забони англисӣ муваффақ шуда метавонанд;
• Дар базеъ мактабҳо телефонҳои мобилӣ ҳамчун воситаи ёрирасони таълимӣ истифода мешаванд, ки имконияти гузаронидани тестҳои гуногун байни хонандагон бо ёрии барномаҳои гуногун, ҳатто бо воситаи телефони мобилӣ баъзе санҷишҳо низ гузаронида мешаванд;
• Матнҳои чопӣ низ ба сифати воситаи ёрирасони таълимӣ истифода бурда мешаванд;
• Смартфонҳое, ки функсияи пайваст шудан ба Интернет доранд, ба хонандагон имконияти дастраси ба сайтҳои омӯзишӣ, системаи почтаи электронии мактаб барои фиристодани файлҳои электронӣ байни хона ва мактаб шуда метавонанд;
ТАРАФҲОИ МАНФӢ:
• Бисёр кӯдакон ба ҷои бозиҳои ҳаракаткунандаи кӯдакона, бо бозиҳои телефонӣ машғул буда, дар натиҷа кӯдакон беҳолӣ, танбалӣ, фарбеҳшавӣ пайдо мешавад;
• Телефонҳои мобилӣ қисми ҳаёти кӯдаконро иҳота кардааст, онҳо ба ҷои китоб хондан вақти зиёди худро бо телефони мобилӣ мегузаронанд;
• Ҳолати махсуси дараи гузаришро ба инобат гирифта, кӯдакон ва наврасон каме ба ҳаяҷон дучор шуданд, аз одам мегурезанд, танҳо монда бисёр вақти худро барои гӯш кардани мусиқӣ бо истифода бурдани телефони мобилӣ сарф мекунанд. Дар натиҷа дар онҳо хоҳиш барои хондан намемонад, ва ин парешонхотирӣ ба паст шудани сатҳи дониш мебарад;
• Наврасон қоидаҳои воқейи муқарраршудаи муносибатҳои умумиро аз худ намекунанд, ва муносибатҳои иҷтимоӣ худро дар олами виртуали муқаррар мекунанд. Дар натиҷа, оянда мумкин аст ҷавонмард мунисбатҳои самарабахш ва эҳсосӣ бо одамони воқеӣ бунёд карда натавонад.

пешина
аз 126
навбатӣ