Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

• Дамгирӣ (Рекреативная) - (вақтгузаронии фароғатии гурӯҳӣ ва инфиродиро муайян мекунад);
• Тавонбахшӣ (Релаксационная) – ҳисси танҳоиро паст мекунад, дар ҳолати мушкил будани муошират воситаи ҷалбкунӣ;
• Иттилоотӣ – идрокӣ - (Нашриёт, телевидение, радио, кино ба талаботи мардум дар гирифтани маълумотҳои гуногун, фактҳо, рӯйдодҳо шавқовар ва рӯйдодҳои ҷомеа нигаронида шудааст);
• Меъёрӣ (нормативный) – бо кӯмаки ВАО меъёрҳо во намунаи рафтор дар ҷамъият тарғиб карда мешавад, системаи арзишҳо тасдиқ мешаванд ва барои ҳамин ВАО нақши танзимкунандаи ҷамъиятии ҳаёт ва фаъолияти одамонро мебозад;
• Якҷоя (интегративная) – ВАО оммаро дар атрофи ақида сарҷамъ мекунад, барои дар одамон пайдо шудани нигоҳи умумӣ, мавқеъ, баҳогузории ин ё он рӯйдод мусоидат мекунад, дар ҷомеа фазои равонӣ пайдо мекунанд;
• Дилхушӣ – ҷубронӣ (развлекателҳно – компенсаторная ) – дамгирӣ дар назди телевизиор, дар кино, бо маҷалла дар даст барои ҳаловат бурдан пас аз рӯзи корӣ ва пас аз дарс, аз эҳсосот дур шуда, барои гирифтани қувва, ҳиссиётҳои равшан, тасаввуротҳои хубе, ки дар ҳаёти воқеӣ намерасад имконият меди- ҳад;
• Манзаравӣ (фоновая) – радор, телевидения, сабти овоз барои бисёриҳо аз танҳоӣ гурехтан имконият медиҳад.

• Натиҷаҳои якчанд тадқиқотҳо барои хулосабарорӣ имкон медиҳанд, ки таъсири технологияҳои иттлоотиро ба одам то охир омӯхта нашудааст. Даҳсолаҳои охир олимон таваҷҷӯҳи худро ба муаммои таъсири телевизион ба наврасон, ки вақти зиёди худро ба тамошои телевизор, кино ва рекламаҳо мегузаронанд равона кардаанд. Барномаҳои гуногуни телевизионӣ ва видео маҳсулотҳо бо аз ҳад зиёд усуслҳои таъсирӣ – овоз, мусиқӣ, акҳои равшан, имиҷи шахсони парстишмекарда, актерҳо, слоганҳо, бо луғати ҷавонони замонавӣ, бо ҳаёти мӯдпараст ва ғайраҳо барои бовар кунонидан ва фикри алоҳидаро гузаронидан истифода мебаранд. Дар муқоиса ба калонсолон, наврасон маълумотҳои қабулшударо ба «хуб» ё «бад» ҷудо карда наметавонанд. Саҳнаҳои зӯроварии дар ҳамаи каналҳо фаровон, оҳиста – оҳиста ба он бурда мерасонад, ки арзиши ҳаёти инсон дар чашми наврасони рӯҳан хом беқадр мешавад.
• Ҳолати равонии наврас дар ин давра хеле номунтазам мебошад, барои ҳамин ҳам ҳолати воқейро, ки тавассути ин барномаҳо пешниҳод мекунанд баҳо дода наметавонад. Ҷавонмард ҳаракатҳои қаҳрамони экранро нусхабардорӣ карда ба ҳаёти худ мегузаронад, идеалҳо, шавқҳо, муносибат бо атрофиён, муносибат нисбати ҷаҳон, ки аз ҳаракатҳои қаҳрамонҳои экран асос мегирад ба шакли муайян медарорад ва рушд медиҳад.

пешина
аз 126
навбатӣ