САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
ХАВФҲОИ БОЗӢ
Дар бозиҳои компютерии нақшӣ, бозингар оҳиста – оҳиста нақши қаҳрамони худро мегирад, ки ба муаммои айниятӣ (идентич ностҳ) меорад: бо ҳаёти қаҳрамони худ зиндагӣ карда, бозингарон он қадар ба ҳаёти виртуалӣ дохил мешаванд, ки ҳаёти воқейи ро аз хотир мебароранд. Аз ҳақиқат дур шудан ва қабул кардани нақш сабабҳои асосии воббастагу аз бозӣ мебошанд. Ин дар вобастагӣ ё дар норасоиҳои ҳолати рӯҳӣ мушоҳида мешавад;
Бозингарон ҳамарӯза дар назди экрани монитор соатҳои зиёд мегузаронанд. Албатта ин ба саломатии ҷисмонӣ ва ба ҳолати рӯҳии онҳо таъсир мерасонад: бехобӣ, бадҷаҳлӣ, беҳолии зиёд.
Аз номи қаҳрамони худ ба муошират баромада, бозингарон эҳсосоти воқеии инсониро дуруст дарк карда наметавонанд.
Шавқ ба бозиҳои – онлайн зарари моддӣ низ расониданаш мумкин аст: бисёрии онҳо сармоягузории моддиро талаб мекунанд, ки дар натиҷа маблағи калон гум мекунанд.
Ба бозиҳои компютери шавқ зоҳир карда одам ба таъсири хаёлҳои хоми худ бамалбарорӣ меафтад: дарк накарда, ҳатто инкор карда, ӯ дар ҷаҳони виртуалӣ «ҳаёт» мебарад ва дар он ҷо имконият ва мақсадҳои ҳаётиашро ба амал мебарорад. Қапқон, дар он мебошад, ки одам дар ин ҳолат аз дастовардҳои худ комилан қонеъ буда, баъзан дарк намекунад, ки дар ҳақиқати ҳол худ амалбарори нашуда истодааст.
Воқеан, тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки бо бозиҳои компютерӣ асосан кӯдакон машғул мешаванд,ки дар сатҳи баланди раванди таълимӣ ва ташаккули хуби онҳо хос аст. Кӯдаконе, ки ба муҳит мувофиқшавиашон мушкил мебошад, баракс, ба бозиҳои компютерӣ шавқи зиёд надоранд.
Иштиёқ ба бозиҳои компютерӣ ҳамон вақт ба мушкилии худбаамалбарорӣ мебиёрад, ки худбаамалбарорӣ дар бозӣ, худбаамлбарории дар фаъолияти бомаҳсул (меҳнат, дониш, варзиш) ҷо иваз кунад. Бо баробари ин таъсири худбаамалбарорӣ дар бозӣ дар ислоҳ кардани баъзе намудҳои худбаамалбарорӣ дар ҳаёти воқеӣ мусбӣ буда метавонад.
Баъзан ба наврас ҳис кардани самараи пешравии худ, бигузор виртуалӣ бошад ҳам, баланд бардоштани сатҳи қонегӣ аз ҳаёт, муваққатан бошад ҳам – барои ба худ боварӣ кардан ва дар ҳаёти воқеӣ зиндагӣ кардан зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё