САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
ПОРТРЕТИ ПСИХОЛОГИИ НАВРАСИ МУОСИР
Аммо, чӣ чизи махсус дар ин бозиҳои компютерӣ дар худамалибарорӣ ҳаст, ки онҳо медиҳанд? Хусусияти ҷудошудаи бозиҳои компютерӣ (дар муқоса бо бозиҳои оддӣ), аҳамияти калони виртуалии «Ман», ки воситаҳои техникӣ таъмин мекунанд, мебошад.
Фазои бозӣ дар бозиҳои нақшии муқаррарӣ қоидаҳои худро дорад, бозингарон бояд ин қоидаҳоро доимо дар фикри худ барои хато накардан нигаҳ доранд, ба таври дигар, бозӣ маънояшро гум мекунад, барои ҳамион одам маҷбур аст, ки барояш инро такрор кунад, ки он дар бозӣ аст. Барои шахсоне, ки дар бозиҳои компютерӣ бозӣ мекунад, бошууорона дар сар доштани қоидаҳои бозӣ зарур нест – дар бозиҳои компютерӣ вайрон кардани қоида номумкин аст, зеро, ки сарҳадҳои имконпазир бо барномаҳои бозӣ муайян шудаанд. Дар натиҷа одам чуқуртар ба бозӣ медарояд.
ИМКОНИЯТҲОИ МУСБӢ ВИДЕО БОЗИҲО
• Онлайн – бозиҳо сабурӣ, эътибор ва чаққониро талаб мекунад, ба рушди муоширати маконӣ ва тафаккури стратегӣ;
• Имконият ва зарурияти муошират бо дигар бозингарон дар онлан-бозиҳои гурӯҳӣ, малакаи муоширатро рушд мекунад ва талаботи муоширатро қонеъ мегардонад;
• Бозиҳо барои аз тарафи ҳамсолон эътироф шудан мусоидат мекунад: муҳим, дар чӣ бозӣ мекунӣ, дар чӣ бозӣ мекунӣ, қаҳрамони ту дар кадом сатҳ аст. Гаймерҳо қаҳрамонҳои худро дар худ амалисозӣ низ истифода мебаранд: чунки онлайн – бозиҳо нафақат барои интихоби бо кӣ бозӣ кардан, барои кӣ бозӣ кардан, инчунин номгузорӣ кардан, дигаргун кардани сохтҳо, ивази мвқеъ, рушдкунии тачҳизот, мусаллаҳӣ ва баланд бардоштани нишондодҳо (сатҳ, дастовардҳо, шуҳратёбӣ), ҳатто ба сюҷет таъсир кардан мумкин аст;
• Дӯстдорони бозӣ навгониҳои техникиро мушоҳида мекунанд, компютер ва Интернетро хуб омӯхтаанд. Онҳо доираи муоширатро бо бозингарони дигар, шарикони бозӣ, бо иштирокчиёни форуми махсус ташкил мекунанд.
• Бозиҳои компютерӣ дар равон паси сар кардани давраи гузариш, ки бо норасоии иқтидори рушд ва воситаҳои ба амал барории он алоқамнд мебошанд мусоидат мекунад . Ба наврасон дар назди худ гузоштани мақсадҳои хеле калон хос мебошад, вале норасоии таҷрибаи зиндагӣ шиддати равониро ба вуҷуд меорад, ки барои амалӣ намудани мақсадҳо халал мерасонад. Дар ҷараёни бозӣ кӯдак роҳи паст кардани ин шиддатро меёбад, дар натиҷа ҳаёт ва фаъолияти ӯ ба танзим медарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё