САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
4.3.2. БОЗИҲОИ КОМПЮТЕРӢ ВА ОНЛАЙН-БОЗИҲО
Бозӣ рушди инсонро аз кӯдакӣ то қуллаҳои худамаликуниаш ҳамроҳӣ мекунад. Талаботӣ бозӣ бевосита ба талаботҳои эътироф ва идрок алоқаманд мебошанд. Хоҳиши бозӣ кардан – дар кӯдакӣ мондан аст. Бозӣ дар ҳамаи синну сол дархостӣ аст. Дар интернет бо ҳама чиз бозӣ карда мешавад, диапазони бозӣ хеле васеъ аст. Бозиҳои электрони охирин 10-12 сол таҳаввулот аз соддаписандӣ дар тенология ва психология то ашъёҳои баландсифат бо воситаи графика, овоз ва видео буҷаи он ба милёнҳо расид.
Ба ғайр аз ин, айни замон шумори бисёри асбобҳо (рул, педал, вибро-кресло, шлем ва костююмҳои реалии виртуалӣ), пайдо шуданд, ки алоқаи бозгаштро дар олами бозӣ бо бозингарон таъмин мекунад. Бо воситаи шабакаҳои интернетӣ байни бозингарон алоқ бо ҳамаи ҷаҳон пайвас мешавад.
Дар Интернет ҳамчунин бозиҳо, замимаҳо ҳастанд, ки хеле васеъ паҳн шудаанд, гӯё ягон чизи ғайриоддӣ нест: на мутант, на хун, на зӯроварӣ, аммо мисли нашъа ба худаш ҷалб мекунад. Мисол, бозии компутерии «Фермаи дӯстдоштаи ман». Кӯдакон ба хона омадан замон, назди компутер медаванд, ки заминро об диҳанд, ё ба ҳайвоноти хонагӣ нигоҳубин кунанд хӯрок хӯрдан, дарс кардан, ба корҳои хона кӯмак расонидан ба хотирашон намеояд. Ингуна бозиҳо бо оммавӣ буданаш ҷалбкунанда мебошад ва дар як вақт чанд ҳозор иштирокчиёни шинос ё ношинос дар бозӣ иштирок мекунанд. Ба муносибатҳои оилавӣ, дӯстӣ ва пешравӣ дар кор ва раванди таълим аз ҳад зиёд сарф кардани вақти худ, хонандаро аз ҳаёти воқеӣ дур месозад.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки бозиҳои компютерии замонавӣ дар наврасон ҷаҳони интерктивӣро бо қонун, қоида ва арзишҳои худ бунёд месозад. Инчунин, олами бунёдшуда барои бозингар чӣ қадар «ҷаззоб» бошад, барои раванди иҷтимойшавӣ ҳамон қадар маҳсулоти махсус таъсир мерасонад.
Алҳол, бозиҳои нақшии бисёркасаи онлайн-бозиҳо оммавӣ шуда истодаанд, ки дар соати воқеъ якчан бозингаро иштирок мекунанд. Дар ин бозӣ диққати махсус ба қаҳрамони он, ба қадду қомат, ба тафаккур ва ӯҳдабароияш дода мешавад.
Ҳаракатҳои ин бозиҳо дар олами фантастикӣ бо иштироки шумораи зиёди қаҳрамонҳо рӯй медиҳад ва линияҳои суҷетӣ бо назардошти ҳаракатҳои қаҳрамон дар ҳама самтҳо ба амал бароварда мешаванд. Ин бозиҳо дар худ элемнтҳои ҷанрҳои гуногунро ҷамъ мекунад, ки боз ҳам шумораи зиёди бозингаронро ҷалб мекунад. Яке аз авалинҳо шуда наврасон дар он бозӣ мекунанд.
Бозиҳоиҳ компютерӣ одамонро дар ҳамон вақт ба худ ҷалб мекунад, ки барои ӯ талаботи таъҷилии худро қонеъ гардонад ё дар якбора баровардани эҳсосоти худ истифода мебранд, анъана шуморида мешавад. Аммо дар ҳақиқати ҳол ин ҳама хеле мушкил аст. Бисёрии геймерҳо тасдиқ мекунанд, ки дар олами виртуалии бозиҳои компютерӣ пурра – дар рӯҳияти равонӣ зиндагӣ мекунанд. Аллалхусус ин гуфтаҳо ба интернет-оламҳои бузург, ки муносибатҳои ҷамъятиро месозанд тааллуқ доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё