САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Интернет-гигиена чист?
Чӣ хеле, ки мо аллакай медонем, гигиена ин қоидаҳое, мебошад, ки саломатиро аз вирусу бактерияҳо, ки дар муҳити атроф зиндагӣ мекунад, эмин медорад. Моро аз хурдӣ чӣ тарз гигиенаро (дандонро шустан, пеш аз хӯрок дастро шустан, меваҳоро пеш аз истифода СЛАЙД № 9шустан ва ғ.) риоя карданро меомӯзонанд.
Интернет – муҳитест, ки дар он аз вирус ва дигар хатарҳо зарар дидан мумкин аст, гарчанде ба саломатӣ зарар нарасонад хам, ба ҳамёну холати руҳиявӣ таъсир мерасонад. Мо қоидаҳои гигиенаро аз хурдӣ меомӯзем, бинобар ин мо аз қадамҳои аввали худ ба шабакаҳои интернетӣ бояд қоидаҳои гигиенаи интернетро омӯзем.
Интернет-гигиена хеле муҳим, дар 99% ҳолатҳои бехатарӣ аз худи истифодабаранда вобаста мебошад. Маълум аст, ки ҳиссаи ками таҳдид ба дӯши технологияҳои баландпоя рост меояд, аз он шахс мустақилона худро муҳофизат карда наметавонад. Бинобар ин интернет-хизматрасониҳо пайваста ба муштариёнаш ғамхорӣ мекунад, ки инҳоро ташкил медиҳад:
Паролҳо (дар интернет парол функсияи муҳофизатиро иҷро карда, ба бадхоҳон имконият намедиҳад, ки ба маълумотҳои шахсии шумо роҳ ебанд ва зарар расонанд.)
Воситаҳои барқароркунӣ (саволҳои махфӣ, қутии почтаи иловагӣ, рақами телефони мобилӣ. Вақте ки шумо пароли худро фаромӯш мекунед ва дастрасии худро барқарор карданӣ мешавед аз шумо рақами телефон барои роҳӣ кардани смс бо код, мепурсанд. Коди гирифтаатонро ба варақаи дар шабака буда менависед ва ҳамоно ба аккаунти худ ворид мешавед).
Ҳушёрӣ низ хеле муҳим аст. Дар шабака фиребгарон хеле зиёд ҳастанд, ки онҳо паролро намешикананд, аммо онҳо фақат ба шумо мактуб менависанд, ки гӯе шумо соҳиби мероси бузург шудаед ва барои ба он соҳиб шудан ба ишораи мазкур ба саҳифаи дигар гузаред ва ҳамаи маълумоти шахсиатонро нависед, аз он ҷумла нишондодҳои картаи пластикиатонро, барои омода кардани ҳуҷҷатҳо ва интиқои маблағро мепурсанд. Барои он ки аз чунин фи- СЛАЙД № 11ребгарон эмин бошед натанҳо ба шабака балки ба суроға низ аҳамият додан зарур аст ва бо ишораҳо ба саҳифаҳои нохоҳам нагузаред).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё