САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
БО ИНТЕРНЕТ ҲАМОҲАНГ ЗИСТАН
Маълумот дар бораи воситаҳои муҳофизати маълумотҳои шахсӣ
• Пароли боваринок имкон медиҳад, ки шумо аккаунти худро дар онлайн – ресурсҳо ва замимаҳо аз шахсони сеюм муҳофизат кунед.
• насб кардани сохторҳои шахсӣ (махфӣ) имкон медиҳанд, ки дараҷаи дастрасии дигаронро ба маълумотҳои шахсии шумо муайян кунад.
• Қоидаҳои идоракунии маълумотҳои шахсӣ, ки дар шабакаи интернет ҷойгир шудаанд, ба шумо мефаҳмонанд, ки ба обрӯи шумо дар шабака таъсир мерасонанд.
Пеш аз он ки маълумотҳои шахсиро дар интернет ҷо мекунед, бояд аниқ донед, ки шумо маҳз дар ҳамон шабакае ҷой доред, ки мехостед дароед, на дар саҳифаи қалбакӣ (фишинговӣ), оне ки фиребгарон таъсис додаанд.
Чи тавре, ки дар боло кайд кардем, интернет (шабакаи ҷаҳонии компютерӣ) имрӯзҳо тақрибан 15 миллион муштарӣ дар зиёда аз 150 давлати ҷаҳон аз он истифода мебаранд, ҳар моҳ андозаи шабака то 7-10 % меафзояд. Пештар шабакаи ҷаҳонӣ танҳо барои ирсолкунии файлҳо ва фирсондани мактубҳои электронӣ истифода мешуд. Имрӯзҳо бо воситаи он масъалаҳои бештару мушкилтар ҳал мегардад ва интернет дар олами муошират басо маъмул гардидааст.
Шумо худро аз ин хатарҳо эмин дошта метавонед, вақте ки ба қоидаҳои интернет-гигиена риоя мекунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё