Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

омада фаҳмам, ки дар Ғиждувон ҳам аҳволашон танг шудааст. Маҷбур шуда, ба Ғиждувон рафтам ва дар ду-се рӯз онҳоро кӯчонида, ба поезд сувор карда ба Душанбе, ба хонаамон роҳӣ кардам, худам ба саёҳат рафтам.

Язнаам дар Тоҷикистон, дар ноҳияи Янгибозор (Орҷоникидзеободи ҳозира) ба кори муаллимӣ даромада, аввал дар қишлоқи Эскигузар, баъд дар дигар қишлоқҳо чанд гоҳ муаллимӣ карданд. Солҳои ҷанг дар худи маркази ноҳия як ҳавличаро гирифта истиқомат мекарданд. Дар ҳамин ҳавлича зиндагии пурмашаққат мегузарониданд. Ҷанг сар шуд, қаҳатӣ ва гушнагӣ сар шуд. Боре дар вақти хӯрок пухта истодан, хоҳарам ним шиша равғани заводро шикаста мерезонад. Язнаи девонаам моҷаро мекунад, ки дили хоҳарам мекафад ва пас аз як рӯз вафот мекунад. Ҳаво хунук буд, ман рафта аза кушодам ва хоҳари ноком ва азобкашидаи худро бо ёрии як муаллими савобталаб бурда гӯр кардам, ки он рӯзи сахт ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад.

Дар бораи аммапошшо — модарарӯсам ҳамин қадар мегӯям, ки он кас ба ман модарарӯс не, модари ғамхори ҳақиқӣ буданд. Худашон босавод, қуръонхон, шеърдон ва боаклу ҳуш буданд. Устод Айнӣ бисёр вақт агар дар асарҳоям ғалат ёбанд, маро сарзаниш карда мегуфтанд, ки: «забонро аз модарарӯсатон омӯзед!» Дар ҳақиқат ҳам модарарӯси ман забондон, хушгуфтор, ҳалим ва бамаънӣ буданд. Солҳои сахти ҷанг бо мо ҳамнафас буданд. Азобу сахтиро бо ҳам дидем. Афсӯс ки пас аз ҷанг, дар тирамоҳи соли 1946 бо бемории сахте, дар синни 75-солагӣ вафот карданд.

Писари калонии хоҳарам - Ибодро мо гирифта будем. Пас аз хатми мактаби даҳсола, ӯро ба институти педагогӣ дохил кардем. Язнаам бо Мисбоҳ ва Қаҳрамон буданд. Азбаски

пешина
аз 339
навбатӣ