Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
гап ба ман кифоя буд. Ман аз нигоҳи ғазаболуди падарам сахт метарсидам. Он кас овози баланд надоштанд, лекин бо садои паст ҳам таҳдидомез гап зананд, ман метарсидам. Ин, шояд аз он буд, ки он кас хеле меҳрубон, фарзанддӯст ва навозишкор буданд. Мо ки ба суханони мулоим ва осудаҳолонаи он кас одат карда будем, ба ногоҳ дар ғазаб шаванд метарсидем. Тарбияро медонистанд: аз ҳад зиёд эрка ҳам намекарданд, аз ҳад зиёд ғазаб ҳам.
Боре дар хонаи калони ояи калонӣ устоҳо кор мекарданд. Ман ҳам ба гирду атрофи онҳо гашта, ба корашон синча мекардам. Ба рӯи хона тахтапораҳо, мех, болға ва ғайра паҳну парешон буд. Нохост ба фикри ман як идеяи аҷоиб омад: он рӯзҳо медидам, ки бачаҳо бо мех ба рӯи чӯбу тахтаҳо чуқурча карда, ба он ҷо доруи нуки гӯгирдро (сераро) тарошида андохта, баъд аз болояш мехро монда мезаданд, ки шараққос зада мерафт. Ман бошам таппончаи бачагона доштам, ки «тираш» пробкаи дарунсӯрохи аз картон сохтагӣ буд. Онро ба мили таппонча мегузоштам ва кӯракашро, ки кашидем, мехи таппонча ба дору расида, шараққос зада мерафт. Иттифоқан таппончаи ман вайрон шудагӣ буд, аммо «тирҳо» бисёр буданд. Пас, чӣ мешавад, ки агар аз даруни тирҳо ҳамон доруро камтар-камтар тарошида гирифта, ба чуқурчаҳои рӯи чӯбҳо монда «парронам»? Бо ҳамин хаёл як «тир»-ро гирифтаму бо мех тарошиданӣ шуда будам, ки «тир» шараққос зада оташ гирифт ва ба чашмонам зад. Ман дод гуфта чашмонамро доштам. Падарам, ки он ҷо буд, аз воқеа хабардор шуда, зуд маро бардошта, ба духтури чашм бурд. Духтур муойина карда, гуфт ки хайрият ба чашм чандон зиён нарасидааст. Дорую даво карданду дар ду-се рӯз сиҳат шудам. Дар ин бор ҳам падарам ба ғайр аз меҳрубонӣ ва панду насиҳат кори дигар накард ва ҳол он, ки насақи кардагии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё