Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Давлати туркии ҷумҳурияти халқии Бухоро то ба охирҳои соли 1924, то ба тақсимоти ҳудудҳои миллии ҷумҳуриятҳои Осиёи Миёна давом кард. Дар ин муддат ҷадидҳо, ҳукуматдорони ҷумҳурияти халқии Бухоро дар байни худ созиш карда натавонистанд (ё ки онҳоро ба ҳамдигар махсусан ҷанг меандохтанд). Файзулло Хоҷаев бо Абдуқодир Муҳиддинов, Усмон Хоҷа бо Аббос Алиев, Мирзо Иззуталло бо Порсо Хоҷа ва ҳоказо ғуррӯ пис доштанд. Фитрат дар як тараф, Қорӣ Юлдош (нозири маориф) дар як тараф, Мукаммил Махсум дар як тараф, Оқҷурин дар як тараф! Худи ҳамин кашмакашҳо ҳам то як дараҷа ба нест шудани Ҷумҳурияти халқии Бухоро сабаб шуданд. Инчунин иқтисодиёт, молиёти давлат ба дараҷае паст фуромамад, ки якто нон ба панҷсад сӯм расид. Пули коғазии Бухоро, ки дар матбаа чувол-чувол чоп карда мебароварданд, ҳеҷ қурбе надошт. Вақто ки Червонс баромад ва фармон шуд, ки пулҳои Бухороро ба Червонс иваз кунанд. Мардум лингҷа-лингҷа ва чувол-чувол «коғазақча» меоварданд. Кассирҳо нашуморида, бо тарозу баркашида, ба ҷояш як дона червонси даҳсӯма медоданд. Алҳақ нархи червонс баланд буд, ба як тиллои панҷсӯма чорсум червонс медоданд. Ин пули бақурбу манзалат коғазақчаи Бухороро аз миён бурд ва дар бозор каме тартиб ҷорӣ шуд.
Ман афсӯс мехӯрам, ки Ф.Хоҷаев, А.Муҳиддинов, Фитрат ва Аббос Алиев барин одамони боақл бо ҳам дӯстона, ба иттифоқ зиндагӣ карда натавонистанд. Агар иттифоқ мешуданд, шояд зиндагии халқи Бухоро беҳтар ва хуррамтар мегашт. Баъд ҷумҳурияти Ӯзбекистон ташкил шуд ва ҳамаи хоки Бухоро ба Ӯзбекистон мулҳақ гашт. Нагуфтанд, ки дар ин сарзамин тоҷикон аз қадим зиндагӣ доштанд, давлат доштанд, маданият доштанд, забон ва фарҳанг доштанд! Қисми калони ҳукуматдорони Бухоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё