Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
бо сардории Файзулло Хоҷаев ба Ӯзбекистон гузаштанд. Москва шояд маҷбур шуд, ки аввал Бухорои Шарқиро, кӯҳистонро ҷумҳурияти мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон монад ва баъд дид, ки намешавад (ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати сотсиологӣ) ва дар дарвозаи Шарқи мазлум, дар сарҳади Ҳинду Афғону Ирон як давлати мустақил — Ҷумҳурияти шӯроии Тоҷикистонро насозанд, хуб нест, Тоҷикистони имрӯзаро ба майдон оварданд, ки он аз марказҳои маданият ва таърихи худ ҷудо монд. Ба ман мешуд, ҳамон хок ва сарзамини ҷумҳурияти халқии Бухоро, Самарқанду Хуҷанд илова карда ҷумҳурияти Тоҷикистон месохтам, ки кори дуруст ва баинсофона мешуд. Дар он ҳол забон ва миллияти мардумон намекоҳид, ҷумҳурияти Тоҷикистон ҳам — ҷумҳурияти пурра, ҷумҳурияти ҳақиқатан мустақил ва аз ҳар ҷиҳат асоснок мегашт. Афсӯс, ки ин нашуд! Инқилоби соли 1920 Бухоро вазифаи худро то ба охир адо карда натавонист. Алҳақ ин инқилобро давом додан, вусъат додан ва ба охир расонидан лозим буд. Мо мардуми Бухоро рӯзҳои аввали инқилоб умедҳои калон доштем. Аз зулми амир ва истибдод наҷот ёфта, ба роҳи нав, ба ҳаёти нав қадам монда будем. Аз мактабҳои кӯҳна халос шуда, бо завқу шавқ ба мактабҳои нави шӯроӣ даромадем. Ҳарчанд ки мактабҳо туркӣ буданд, лекин ба усули нав буданд. Муаллимҳои мактабҳо, ки аксарашон бухороӣ буданд, тоҷикиро медонистанд, агар лозим шавад, ба мо ба забони тоҷикӣ фаҳмонда медоданд.
Ман аз соли аввали инқилоб, ҳамин ки мактабҳои нави ибтидоӣ кушода шуданд, ба мактаби «Учинчӣ Тӯрон» рафта даромадам, ки он дар гузари Пои Остона, дар ҳавлии кадом як бой ҷо гирифта буд. Ҳавлии калон ду хона дошт, ки дар он ду синф буд. Хонаи муаллимҳо дар болохона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё