Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ва нашриётҳоро ба даст гирифтанд. Ҷадидон ба ин роҳ медоданд ва то метавонистанд ғояи миллатчигӣ ва пантюркистиро ривоҷ медоданд. Ҳаминро бояд қайд кунам, ки ҷадидони Бухоро ҳама якранг ва якақида набуданд. Қисми калони онҳо ба партияи коммунистӣ дохил шуда, ҳокимияти Советиро равнақ ва ривоҷ медоданд ва ақидаашон интернатсионалистӣ буд. Як қисмашон мехостанд, ки давлати миллии алоҳида созанд ва ҳокимиятро ба даст гирифта, ба инқилоби сотсиалистӣ монеъ шаванд. Ҳамин қабил ҷадидон ба ташкили босмачигарӣ ёрӣ расонданд. Чунончӣ Муҳиддин Махсум (ки раиси комиссияи «фавқулоддаи атроф» буд) ва нозири ҳарбии ҳукумати Бухоро — Абдулҳамид Орипов, ки ҳардуяшон ҳам хиёнат карда, ба тарафи босмачиён гузашта буданд. Баъд Усмон Хоҷаев президенти Ҷумҳурияти Бухоро буд ва аз Бухорои Шарқӣ гурехта ба Афғонистон рафт. Хушбахтона ин хел ҷадидон бисёр набуданд. Боз як қисм ҷадидон коммунист нашуданд, лекин ба аксулинқилоб ҳам ҳамроҳ нагаштанд. Баръакс бо ҷону дилашон тарафдори ҳокимияти шӯравӣ ва тарафдори инқилоб буданд. Чунончӣ Аҳмадҷон Махсуми Ҳамдӣ, Мунзим, Мирзоабдулвоҳид, Мукаммил ва Мазҳар Бурҳоновҳо, Аминҷон Махсум Зиёиддинов, Мирзо Иззатулло, Порсо Хоҷа ва дигарон...
Метавон гуфт, ки ҳукумати Ҷумҳурияти Халқии Бухоро давлати туркиасос буд. Аммо ҳамаи асостузорони он дар хона ва кӯчаҳо ба забони тоҷикӣ гап мезаданд, туркиро фақат дар расмият нигоҳ медоштанд. Ҳозир ҳам агар ба Бухоро равед, мебинед аксарияти мардум ба забони тоҷикӣ гап мезананд, ҳатто дар идораҳо, мактабҳо ва комитетҳои вилоятию шаҳрӣ мардум дар байни худ ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ доранд ва ҳамин ки расмият шуд, забони ӯзбекӣ ба миён медарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё