Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Бухоро, инчунин партияи ҷавонбухориён, партияи ҷадидон меистоданд. Партияи ҷавонбухориён асосан аз намояндагони зиёӣ, буржуазияи майда, савдогарон, муллобачагони Бухоро иборат буд. Аксарияти ҷадидоне, ки ба сари ҳокимият омаданд, ё дар Туркия таҳсил карда буданд, ё дар Тотористон ва қисми ками аз онҳо дар Россия соҳиби маълумот гашта буданд. Файзулло Хоҷаев, Абдуқодир Муҳиддинов, Оқчурин барин касон дар Москва тарбия ёфта буданд. Шояд барои он ки аксарияти ҷадидон ба таъсири пантюркистон монда буданд, ҳукумати нави Бухоро забони давлатиро дарҳол забони туркӣ эълон намуд. Газераи «Бухоро ахборӣ» ба ду забон чоп мешуд. Файзулло Хоҷаев ба забони туркӣ (ӯзбекӣ) нависад, Абдуқодир Муҳиддинов ба забони тоҷикӣ мақола чоп мекард. Мактабҳо ҳама ба забони туркӣ, баъдтар ба забони ӯзбекӣ буданд. Ҳар кас, ки ба ҳукумат аризае навиштанӣ бошад, ба забони туркӣ менавишт, муомилоти расмии идораҳо туркӣ буданд.
Халқи Бухоро, ки аксарият (аз 80 фоиз бештарашон) тоҷикон буданд, хеле мушкилӣ мекашиданд. Пантюркистон бошанд, бо ҳар роҳ ба халқ талқин мекарданд, ки шумо аслан турк ҳастед, фарзанди туркед, забонатон бо таъсири эрониён вайрон шуда тоҷикӣ гаштааст... Мо турк ҳастем, миллати мо турк аст, мо туркнажодем... Ба ин «ақидаи» ҷадидони Бухоро зобитони турк, ки аксарияти онҳо муаллим шуда буданд, ёрӣ медоданд, тақвият менамуданд ва ба шогирдон туркӣ дарс медоданд. Мо талабагони мактабҳои ибтидоӣ ду сол азоб кашида, умру вақт талаф карда забон меомӯхтем.
Зобитони турк пас аз ҷанги аввали ҷаҳон ба Россия асир афтода буданд, ки аксарияти онҳо дар ҷумҳурияти халқии Бухоро ба худ ҷои муносиб ёфтанд. Онҳо маориф, милитсия

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё