Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Аввал ба аммапошшо ҳавлиашонро хорӣ карда доданд ва онҳо зуд кӯчиданд. Баъд ба холапошшо модари Маъсумахон як ҳавличаи рӯбарӯро доданд. Холапошшо - хоҳари модари ока Шарифхон, ки яке аз занҳои амаки қозикалон буданд ва Маъсумахон аз қозӣ Бурҳониддин шудагӣ. Модари ока Шарифхонро мо тӯтапошшо мегуфтем. Зани боаклу фаҳм, баидрок буданд (чӣ тавре ки дар аввали хотиротам гуфта будам, ин кас зани Қиёмиддин махсум - бародари миёнаи Қозӣ Бурҳониддин мебошанд). Ягона писарашон – Шарифхон дар хурдсолӣ бемор шуда, дар натиҷа букрӣ гашта буданд. Лекин дар ақлу фаҳм нобиға буданд гӯям, хато намекунам. Модарашон дар зиндагиашон духтари хоҳари худ Маъсумахонро (ки ҳанӯз 14 сола буд) ба ока Шарифхон тӯй карда гирифта доданд. Лекин онҳо ба зудӣ зану шӯ шуда натавонистанд. Тӯтапошшо аз ин ғам ба бемории саратон гирифтор шуда, дар тобистони 1922 қазо карданд. Ин аввалин мотам ва азодорӣ (пас аз инқилоб) дар оилаи калони мо буд. Маъсумахон ва ока Шарифхон чор-панҷ сол бо ҳам буданд, вале зану шӯ гашта натавонистанд. Баъд ки нашуд, аз ҳам ҷудо шуданд. Ака Шарифхон хонаю ҷо, чизу чораи худро партофта бо нияти хондан ба Тошканд рафтанд, Маъсумахон ба Умедҷонов ном муаллими физкултура, як ҷавони бебок ва дағали шофиркомӣ ба шавҳар баромад. Аз вай ду духтар ва як писарнок шуд. Афсӯс ки дар соли 1937 Умедҷоновро ҷаллодони Сталин ба ҳабс гирифтанд ва дигар барнагашт. Маъсумахон бо модар ва фарзандонаш азобу уқубати бисёре дид. Ман дар бораи ҳаёти пурмашаққати Маъсумахон як повест бо номи «Дувоздаҳ километр» навиштам, ки аввал онро чоп накардам, тарсидам. Ман онро дар соли 1962 навишта будам. Ин повест 26 сол дар архиви ман чоп нашуда хобид. Пас дар соли 1988

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё