Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

тарҷумаи русии онро журнали «Помир» ва оригиналашро газетаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар даҳ шумораи худ чоп карда баровард. Ходимони журнали «Садои Шарқ» бо фитна ва душмании баъзе ходимони журнал повестро чоп накарданд ва ягон баҳонаи ба ақл рост неомадагӣ ҳам оварда натавонистанд. Ин хиёнати калон дар ҳаққи ман буд.

Зимистони соли аввали инқилоби Бухоро ҳаво хеле хунук шуд, барфи бисёре борид, ҳама ҷо яхбандӣ шуд. Мо ки либоси мепӯшидагии дуруст надоштем, хеле азоб мекашидем. Шунидем, ки падарам худаш омада ба ҳукумат таслим шудааст ва ӯро гирифта ҳабс кардаанд. Дар ин хусус ҳам мо ғаму ғусса доштем. Ҳабсхонае, ки дар он ҷо падарам маҳбус буд, дар гузари Говкушон, дар ҳавлии амир буд. Ҳар рӯз ман ба падарам хӯрок ва нон мебурдам. Як рӯз – тахмин дар моҳи ноябр, соли 1920 буд, ҳаво соф, осмон беғубор, ман дар дастам тугунча (як коса ошу нон) гирифта ба сӯи ҳабсхона мерафтам. Ба таи девори масҷиди ҷомеи Говкушон расида будам, ки ногоҳ гулдуроси гӯшкуркунандаро шунидам, ки аз зарбаи он дарҳои бастаи масҷид шараққос заданд ва дар осмон як порҷаи калони дуди сафед, ба мисли абри ғафсе пайдо шуд. Ман чунон тарсидам, чунон ларзидам, ки ба тохтан поҳоям маҷол надоштанд. Ҳабсхона рафтан куҷо?! Аз роҳ баргашта ба ҳавлӣ давидам. Ҳолати маро дида хонабудагон тарсиданд. Ба ман дар косаи оби хунук коғаз сӯхта хӯронданд ва тасаллӣ дода гуфтанд, ки натарсам. Дар беруни шаҳр, дар вокзалча вагони тиру доруи милтиқ таркида аст. Баъдтар фаҳмидам, ки «ин кори душмании инқилоб» будааст. Дар вақти ба вагонҳо тиру дору бор карда истодан, қасдан

пешина
аз 339
навбатӣ