Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ва харобиҳо боқӣ монда буданд. Аз паси масҷиди калон растаҳои қаннодӣ, мисгарӣ, ҷомафурӯшӣ сар шуда то ба Регистон мерасид, ки аз онҳо низ чизе боқӣ намонда буд.
Ҳама сӯхта, афтода, валангор шуда буданд.

Амаки Абдулҳафиз моро ба ҳавлии ака Шарифхон бурда фуровард, ки тақрибан ҳамаи хешу таборони наздики моро ба ҳамон ҳавлӣ ҷо дода буданд. Ин ҳавлӣ дар қарибии қозихона, ки дар гузари «Шарифҷон» буд, воқеъ гашта, ҳавлии калони серхона буд. Аз растаи собиқ Чарчинфурӯшӣ, ки камтар роҳ гашта ба тарафи қозихона баргаштед, кӯчаи начандон дароз ва начандон васеъ сар мешуд, ки ҳавлии ака Шарифхон, ҳавлии аммаамон ва дигар хешу таборон дар ҳамон кӯча буд. Лекин миёни ҳамаи ҳавлиҳо беҳтарин ва калонтаринаш ҳавлии ака Шарифхон буд. Дар он ҳавлӣ мо (акаам Нуриддинҷон, хоҳарам Масрурахон) оилаи калони бо бачаҳояш дар як хона ҷо гирифтем. Оилаи хурдиро падараш амаки Муҳаммадиҳоҷа ба ҳавлии худаш гирифта бурда буд. Ака Турсун аз қишлоқ бо мо наомад, ба Ғиҷдувон рафт, магар ки баъд ба ӯ мансаби калон дода (ба идораи тафтиши давлат калон карда) ба Бухоро оварланд, ки ӯ бо занаш апа Маъмура дар аввали рӯзҳои ҳукумати Бухоро кайфе дошт. Боре падарам моро ба ҳавлии вай фиристод, ки шояд ёрие расонад. Вале ака Турсун тамоми одами дигар шуда буд, моро писанд накард ва дуруст қабул ҳам накард. Пас аз чанд гоҳ шунидем, ки зану шӯ ҳарду заҳр хӯрда мурда мондаанд. Ин кори кӣ буд, маълум нашуд.

Дар ҳавлии ака Шарифхон дар як хона аммапошшо (модари зани ман Саодат) бо писару духтаронашон, дар як хона холаи ака Шарифхон бо духтараш Маъсумахон истиқомат мекарданд. Баъд оҳиста-оҳиста ҳар кадом оила хонаю ҷо гирифта, дар бадали як сол ҳавлиро холӣ кардем.

пешина
аз 339
навбатӣ