Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

озодӣ ва ҳуррият ташвиқ мекарданд. Занҳо, ки посбони ҳавлии мо шуда меистоданд, хабар доданд аэроплан ҳар рӯз дар осмон парвоз карда хат мепартояд. Ҷадидҳо «яшасун ҳуррият, яшасун мусовот!» мегӯянд. Амир аскари бисёр, тӯпу-тӯпхонаи бисёр ҷамъ кардааст. Агар рафту ҷанг сар шавад, амир ҳамаи ҷадидҳоро қир карда, нест мекардааст. Муллоҳо гуфтаанд, ки як хишт аз қабри ҳазрати Баҳоуддин боқӣ монад ба Бухоро осебе намерасад ва ғайра ва ҳоказо... Аз ин хабарҳо калонсолҳо хафа шуда бошанд ҳам, ман парвое надоштам. Пурсидам, ки сарбозҳои амир машқ мекунанд ё не? Гуфтанд ҳар ҳафта се рӯз ба ялангии беруни дарвозаи Самарқанд тӯппаронӣ мекунанд. Ман давида берун баромадам ва аз ака Турсун хоҳиш кардам, ки пагоҳ маро ба машқи сарбозҳо, ба тамошои тӯппаронӣ барад. Вай розӣ шуд.

Рӯзи дигар, аввали саҳар, ҳанӯз офтоб сар назада хоҳарам маро аз хоби ширин бедор карда гуфт, ки зудтар аз хоб бархезам, ки аз машқи сарбозҳою тӯппаронӣ мондам. Чӣ тавр гуфта пурсам гуфт, ки ана гӯш кун, тӯп паронда истодаанд. Ман ҳушёртар шуда гӯш кунам, дар ҳақиқат аз дур овози тӯп шунида мешуд. Пас зуд дастурӯ шуста ба берун тохтам, ака Турсунро бедор карда гуфтам, ки аз машқи сарбозҳо дер кардем. Вай ҳам зуд аз ҷо бархоста дастурӯ шуста истода буд, ки дари кӯчаро кӯфтанд. Рафта кушоем, Аткипёҷа — бародари ояи калонӣ омадааст ва бо овози баланд хабар дод, ки:

— Дар Когон ғазот шудааст, ин овози тӯп аз ҳамон ҷо! Гӯё амакам — қозикалон фармудаанд, ки берун набаромада, мунтазири фармон шавем.

Хурсандӣ ба ғусса, шаҳди лабон ба заҳр мубаддал гашт. Ғазот, яъне ҷанг сар шудааст. Акнун чӣ кор мекунем?

— Ҳеҷ гап не, даромада ношто кунед! — гуфт ака Турсун

пешина
аз 339
навбатӣ