Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
осудаҳолона.
Мо ин хабарро ба ҳавлии дарун бурдем. Ҳамаи занҳо бедор шуда буданд. Воҳима ва тарсу ваҳм боло шуд. Гӯши ҳама ба тӯппаронӣ шуд. Баъд баъзе калонсолҳо ба ҷавонон тасалло доданд. Фармуданд, ки ҷоҳоро ғундошта, ба таҳхона дароем, ба ҳар эҳтимол таҳхона эминтар аст ва ношторо дар таҳхона кунем. Мо ба таҳхона даромадем. Оҳиста-оҳиста овози тӯп ва ғуввоси гузашта рафтани тирҳои тӯп ва таркиши бомбаҳо баланд шудан гирифт. Рӯзи дигар як тири тӯп ба болохонаи мо расида, девори хонаи калонро шикоф намуда, дар рӯи ҳавлии мо таркид. Ҳама ҷо аз дуди сафеди заҳролуд пур гашт. То ба ҳалқи мо дуди талх расид. Пас аз он ки дуд бартараф шуд, ману акем ба рӯи ҳавлӣ тохта қӯрғошиммайдаҳои тири тӯпро меғундоштем. Лекин ояҳо, апаҳо моро қоҳиш карда ба таҳхона дароварданд ва хабар доданд, ки Маҳмуд ном бачаи гузари мо дар кӯча ҳамин тавр қӯрғошиммайда мечидааст, ки як тир омада ба сараш задаасту ҷо ба ҷо мурдааст.
Рӯзи дуюми ҷанг аз қозихона фармоне омад, ки мо ба қадри лозимӣ либос ва чизу чора гирифта ба гузари Мирдӯстим (дар ҷиҳати ғарби Бухоро) ба ҳавлии як хешамон равем.
Намедонам пиёда, ё бо ароба ба гузари Мирдӯстим рафтем. Ин гузар аз ҳадафи тирҳои тӯп ба канортар буда, ғавғою маҳшари ҷанг ҳам чандон шунида намешуд. Дар ҳавлии даруни он ҷо ҳамаи занҳои хешу табор, дар роҳрави дарози болояш пӯшидаи он, мардон ҷо карда менишастанд. Он ҳавлӣ боғчае дошт, ки мо бачаҳо дар он бозӣ карда мегаштем. Писари соҳиби ҳавлӣ Ҳасанхон ном дошт, ки ҳамсинну соли ман буд ва мо ҷӯра шудем. Рӯзи чаҳоруми ҷанг хабар омад, ки Тӯраи Ғузор бо лашкари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё