Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Муинзода бошад, бо ҳамин тошкандӣ шуда, нағз кор карда мегардад, вале боз арақхӯриро давом медиҳад. Хусусан ки шеф ва ҳамкори ӯ Ғафур Ғулом буд! Бо ҳамин, арақхӯрии ин шоири забардаст, хушилҳом ва доноро барвақт аз дунё бурд. Вай дар миёнаҳои солҳои 1970 ба Хуҷанд кӯчида рафта вафот кард.

Ҳомидӣ то солҳои 1987-88 зинда буд, кор мекард. Пас, гӯё дар натиҷаи бемории саратон (рак) вафот кардааст. Дар ҷанозаи ӯ Яҳё Юлдош иштирок ва сардорӣ кардааст, бо иззат ва икром дар Дӯрман дафн кардаанд. Аммо худи Яҳё Юлдош ҳам пас аз чанд моҳи дигар, дар тирамоҳи соли 1988 аз баландии фишори хун вафот кард ва бо ҳамин дӯстон ва ҳамқаринони ман, ки дар Тошканд буданд, ҳама сипарӣ шуданд ва ягон кас намонд. Афсӯс!

Яҳё Юлдошев писари Ҳоҷӣ Гадой (Ҳамроев) ном яке аз ҷадидони Бухоро буда, дар гузари...... (Лаби рӯд, аз Говкушон ба сӯи Бозори нав) ҳавлии хубе дошт. Синну солаш баробари ман буда, ҳамроҳ дар дорулмуаллимини Бухоро мехондем, ҳамроҳ дарс тайёр мекардем. Азбаски Ҳоҷӣ Гадой одами бой буд, бештар ману Ҳомидӣ (гоҳ-гоҳ Иброҳим Мӯъминов ҳам, ки ҳамроҳ мехондем) дар ҳавлии Яҳё дарс тайёр мекардем, ҳам оши палав мехӯрдем. Яҳё бачаи хушёр, боақл буда қалами равон ва тез дошт. Аз аввал ба журналистӣ ҳавас кард ва муваффақ ҳам шуд. Ҳанӯз мо дар дорулмуаллимин мехондем, ки фелетонҳои вай дар газетаи «Озод Бухоро» чоп мешуд. Як фелетони вай ба зидди Аббос Алиев буд, ки баъд ӯро дастгирӣ карда Комил Алиев (журналист ва фелетоннависи машҳури ӯзбек) дар газетаи «Қизил Ӯзбекистон» мақола навишт. Вақто ки синфи моро ба Самарқанд, ба аввалин институти олии педагогии Ӯзбекистон (ВПИ) кӯчонданд, Яҳё нарафт, ба кори газета даромад. Баъд ба Тошканд рафт, дар УзТаг

пешина
аз 339
навбатӣ