Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
тарҷумон ва муҳаррир шуда кор кард. Солҳои гирудори хоинонаи Сталин аз Тошқанд гурехта ба Тоҷикистон, ба Душанбе кӯчида омад, худаш дар газетаи «Қизил Тоҷикистон», занаш муаллима ва директори мактаб шуда кор карданд. Пас аз гирогирӣ ба охир расидан, пас аз марги Сталин боз ба Тошқанд баргашт ва ба кори журналистӣ давом кард. Дар мавриди ба Тошқанд рафтанҳои ман вай маро меҳрубонона пешвоз мегирифт, дар ҳавлиаш меҳмондориҳо мекард; дар мавриди ба Душанбе омаданаш албатта маро суроғ мекард ва ба хонаам меҳмон мешуд. Занаш Саодатҷон зани меҳрубон, боақл, батадбир ва зебо буд. Ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст ва дар Тошқанд зиндагӣ дорад. Ман боз дар мавридаш дар бораи дӯстонам сухан хоҳам кард. Ҳоло гапро дар бораи падарам давом медиҳам.
Падарам дар Ғиждувон то ба сар шудани инқилоби соли 1920 Бухоро қозигӣ кард. Мо ҳам бо вай будем. Ғиждувон бисёр хуб, аз ҳар ҷиҳат, ҳам аз ҷиҳати обу ҳавояш, ҳам аз ҷиҳати ободониаш, ҳам аз ҷиҳати мева ва нозу неъмати фарвонаш ба мо маъқул буд. Лекин орзуи Бухоро рафтан, дар кӯчаҳои сангфарши он, дар бозорҳои бисёри он сайр карда гаштан ҳамеша дар хаёли ман буд. Инак, ду рӯз пеш аз сар шудани ҷанг (ки инро мо намедонистем) падарам моро ба Бухоро фиристоданӣ шуд. Ману бародараму хоҳарам ва ҳарду ояҳоямро. Маълум мешавад, ки вай аз оғози ҷанг хабаре доштааст, ки аҳли аёлашро дар сари вақт ба Бухоро фиристод.
Он бегоҳ, пеш аз сафари Бухоро ман аз хурсанди дер гоҳ хобида натавонистам. Пагоҳ ба Бухоро меравем, ба орзу мерасам... Саҳари барвақт ношто карда, ба ду аробаи кӯтак бор шуда ба сӯи Бухоро ҳаракат кардем. Мегуфтанд, ки байни Ғиждувону Бухоро панҷ санг роҳ аст. Ин панҷ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё