Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дар клуби нависандагон (дар ҳамон хонаи кӯчаи Орҷоникидзе як квартираро клуб карда буданд) бо ҳузури Бобоҷонов ва дигарон Муинзодаро муҳокима карданд ва аз сафи нависандагони тоҷик хориҷ карданд. Худи ҳамон шаб, ки ҳаво хунук ва барф меборид, Муинзода ба вокзал баромада, ба поезд аввал ба Хуҷанд ва баъд ба як қишлоқи дури Андиҷон рафта муаллимӣ карда мегардад. Пас аз гурехта рафтани Муинзода як рӯз духтараш ба ман хатчае оварда дод, ки Муинзода навишта буд. Дар он хатча вай аз ман, чун аз котиби масъули журнали «Барои адабиёти сотсиалистӣ» илтимос мекард, ки ҳаққи қалами ӯро аз бухгалтер рӯёнида, ба аҳли байташ диҳам. Ман ин илтимоси ӯро ба ҷо овардам ва то кӯчида ба Ленинобод рафтани аҳли аёлаш ҳамеша ёрӣ ва мададгорӣ намудем. Муинзода бо вуҷуди арақхӯр буданаш оқил ва дурбин будааст. Бо ҳамин гурехта рафтанаш аз дасти ҷаллодони Сталин дар соли 1937 халос шуд ва боҳузур кор карда, зиндагӣ карда гашт. Дар охири солҳои ҷанг котиби якуми СК-аи Ӯзбекистон — Усмон Юсуфов ӯро дар Андиҷон ёфта мегираду ба шоирӣ ва қудрати ӯ таслим шуда ба Тошканд меорад ва ба Ғафур Ғулом супорида мегӯяд, ки аз вай истифода кунад.

Ғафур Ғулом шоири халқии бузурги ӯзбек, соҳиби ҷоизаи Ленинӣ, офаринандаи шеъру достонҳои бисёре; марди оқил, донишманд, шӯх, хоксор ва шаробхӯри гузаро буд. Тоҷикиро меомӯхт, ҳусну таваҷҷӯҳе дошт, худро аз авлоди Бедил (бобом ҳамшаҳри Бедил аз Насаф) мегуфт. Бо ман ва бо Раҳим Ҷалил дӯстӣ дошт. Раҳим ба Тошканд биёяд, дар хонаи Ғафур меистод ва баръакс Ғафур ба Ленинобод биёяд дар хонаи Раҳим. Пас аз соли 1971 (пас аз зилзилаи Тошканд) вафот кард. Қабраш дар Дурмани Тошканд.

пешина
аз 339
навбатӣ