Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

газета ҳам ин ҳардуро дӯст медоштанд ва ҳурмат мекарданд.

Забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик дар Тошканд Ҳомидию Васфиро бо шоири забардасти тоҷик – Муинзода қариб ва қарин карда буд. Ин се рафиқ (хусусан Муинзода) ба арақхӯрӣ майли зиёд доштанд. Ҳомидӣ дониста менӯшид, бисёр наменӯшид. Лекин худро аз арақхӯрҳо намекашид, дур намешуд.

Муинзода (Мунирхон) пеш аз соли 1937 дар Душанбе ходими адабии театри Лоҳутӣ буд. Боре директори театр Олимҷон Бобоҷонов бо талаби режиссёр Фатҳулло Умаров ба вай як шеъри туркиро – дар ҳаққи 26 комиссари Боку – медиҳад, ки ба тоҷикӣ тарҷума кунад. Лекин Муинзода арақхӯр ва бепарво ба зудӣ тарҷума намекунад (Муинзода дар хонаи стандартӣи кӯчаи Орҷоникидзе, дар поёни квартираи мо зиндагӣ мекард ва қариб ҳар шаб мастию арақхӯрӣ мекард. Аввали рӯз аз хоб сар бардошта натавониста, менолид, то ки духтараш рафта як шиша арақ харида меоварду ба ҳалқи падараш мерехт ва пас вай «одам» шуда аз ҷо бармехост. Бисёр вақт духтараш омада аз мо даҳ сӯм қарз гирифта мерафт. Дар натиҷаи ҳамин арақхӯрӣ кор ҳам карда наметавонист).

Он шеъри туркӣ ба муносибати кадом як юбилейи 26 комиссари Боку лозим будааст. Юбилей қариб мешавад, лекин тарҷума нест. Як бегоҳӣ худи Бобоҷонов ҳамроҳи Фатҳулло Умаров ба хонаи Муинзода меоянд, ки вай бо улфатҳояш Ғанӣ Абдулло, Баҳлулзода ва боз намедонам киҳо арақхӯрӣ карда нишастааст. Ба суоли Бобоҷонов, ки тарҷума чӣ шуд, Муинзода мегӯяд, ки он шеъри ба 26 комиссари Боку бахшида шударо ман сӯрох карда ба фалонам овехтам. Ин суханро Фатҳулло Умаров зуд ба дафтари хабаркашиаш қайд мекунад. Пас аз ҳамин, дере нагузашта

пешина
аз 339
навбатӣ