Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

макони дигар ҳамдигарро ёфта мегиранд ва бо ҳамдигар улфат ва дӯст мешаванд; вомехӯранд, сӯҳбат мекунанд, ёди ватан – шаҳри худро мекунанд ва хеле тасаллӣ меёбанд. Ҳаким Ҳомидию Васфӣ ва боз чандин бухориҳо – ба мисли Яҳё Юлдош, Самеъзода К., Айюб Саидӣ, Зикриё Хоҷаи шоҳмотбоз ва дигарон – бо ҳам қарин гаштанд ва оҳиста-оҳиста дар маслаку нияту корубор ҳам бо ҳам наздик шуданд.

Ҳаким Ҳомидӣ писари Ҳамидхоҷа, яке аз дӯстони падарам буд. Дар вақти амир дар туманҳои майдаи Бухоро қозигӣ мекард. Бо Аҳмадҷон махдуми Ҳамдӣ хешигарӣ дошт. Ҳаким Ҳомидӣ дар вақти дар дорулмуаллимин хонда гаштани ман, ҳамроҳ мехонд. Аввал аз ман як синф поён буд; баъд дар миёни сол (бинобар нағз хонданаш) ба синфи мо гузарониданд. Баъзе як ӯзбекбачаҳои шӯх ва шум ба ӯ лақаби «Пӯттӣ»-ро дода буданд. Имтиҳон надода ба синфи мо гузаштани Ҳомидӣ ғаши он шумбачаҳоро овард ва ин ҳаҷвияро дар ҳаққи ӯ гуфтанд:

Пӯттӣ, имтиҳон бермасдан

Иккинчӣ асосга ӯтдий!

Ҳаким Ҳомидӣ ҷӯраи бисёр самими, ҷӯраи мувофиқи ман буд. То дами охиринаш ин ҷӯрагӣ канда нашуд. Ҳар вақт, ки ман ба Тошканд мерафтам, албатта Ҳомидӣ (ҳамроҳи Васфӣ) дар гирду атрофи ман буд. Лекин Ҳомидӣ одами хоксор, фақир ва бемурод буд. Даъвои калон надошт. Зӯр зада, ҳаракат карда номзади илми педагогӣ шуд ва дар пединститути Тошканд муаллимӣ мекард, ба забони ӯзбекӣ дарс медод. Ба забони тоҷикӣ ҳавасе дошт, фаъолияти адабӣ кардан мехост, ҳаракат мекард, ки чизеро тарҷума кунад, ба чизе тақриз нависад ва ҳоказо... Азбаски Васфӣ дар газетаи тоҷикии Тошканд кор мекард, Ҳомидӣ ҳам дар гирду атрофи газета буд. Муҳаррир ва ходимони

пешина
аз 339
навбатӣ