Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
махмалин, ӯзангиҳои тиллокорӣ доштанд - шотирҳои ҷавон, дар линоси шотирӣ - кулоҳи нуктези баланд, дар поҳо зангӯлаҷаҳо, дар миёнҳо камарҳои нукурагирифта гузаштанд, ки миқдори он аспҳо як-даҳто буд. Ва ниҳоят худи амир дар фойтуни дуаспаи калон расида омад. Фойтунчӣ ҳам либоси махсуси сиёҳ дар бар дошт. Амир танҳо нишаста буд. Ба дуо ва салому фотиҳаи муллоён, боён ва мансабдорон, ки дар кӯча буданд, дасташро ба ришаш бурда, гӯё алек мегирифт. Худаш дар ҷомаи фоҳираи махмали гулобии зардӯзӣ, дар по мӯза, дар сар саллаи сафед, ки тоҷи майдае дошт, оро ёфта буд. Фойтун ба роҳравхонаи амлокдорхона рафта даромад, дигар мо надидем, ки амир чӣ тавр фуромад, киҳо пешвозаш гирифтанд ва дар кӯча будагон чӣ кор карданд. Зеро ки ока Турсун моро зуд аз бом фуроварда ба ҳавлӣ бурд, ки ҳамин қадараш бас аст.
Амир Олимхон дар Ғиждувон се-чор рӯз истоду баргашта ба Бухоро рафт. Ҳама одамонаш ва сарбозонаш ҳамроҳаш рафтанд. Ғиждувон якбора гӯё холӣ шуда монд. Мо ба ҳавлӣ баргаштем. Падарам хеле монда шуда буд. Рангаш канда, лоғар гашта монд. Намедонам амлокдор (Мухторҷони нонвой) ба чӣ ҳолат буд. Лекин писари ӯ - Муҳаммадҷон (ки баъдтар ба худ тахаллуси Васфиро гирифт) ҷӯраи ман, шоду хуррам буд. Вай ҳамсинни ман, як бачай хушфеъл, хушмуомила, доно ва боакл буд. Ҳамроҳ бозӣ мекардем, мегаштем, ҷойҳои сарбозони амир истодагиро медидем, ки шояд ягон таппонча, ё ки тири милтиқро ёбем. Афсӯс ки аз сарбозон ба ғайр ахлот ва ифлосӣ чизи дигаре намонда буд. Ин писари Мухтори нонвой, ки аз ҳамон вақтҳо бо ман тарҳи дӯстӣ баста буд, пас аз инқилоби Бухоро низ ҳамдигарро ёфтем ва дар Бухоро гоҳ-гоҳ вохӯрда меистодем. Акнун китобхон ва бо хату савод

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё