Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

дигар аспаки дигаре тозон меомад ва мегуфт: амир омаданд, амир омаданд. Боз ҳама ба роҳ менигаристанд, боз ҳаяҷон меафзуд. Ҳамин тавр, аз аввали пагоҳ то пас аз нимрӯзӣ «амир омаданд» мегуфтанд ва амир намеомад. Ниҳоят пас аз пешин даста-даста сарбозҳо омадан гирифтанд. Баъзе дастаҳо мусиқӣ-оркестр дошт, баъзе дастаҳо суруд мехонданд. Ин дастаҳои махсус таълимдидаи ҳарбӣ буданд, ки «шефиска», «териска» ва боз намедонам чӣ номҳо доштанд. Онҳоро мутахассисони ҳарбии турк, белогвардистҳо ва англисҳо омӯхта буданд. Онҳо сару либоси ҳақиқатан ҳарбиёна доштанд (на мисли сарбозҳои пештараи амир, на мисли «сешанбегиҳо»). Дар китфҳояшон милтиқҳои панҷтира, ҳафтираи англисӣ, дар сари синаҳо «қаторвазна»-ҳо... Сардоронашон бо пагонҳо, шамшерҳо ва мавзирҳо худро оро дода буданд. Аз паси онҳо тӯпу тӯпхона расид. Тақрибан даҳ-дувоздаҳ тӯпи на хурду на калон, ба аспҳои пурзӯр баста шуда, бо тӯпзанҳо ва кӯрхона (сандуқи тир) омаданд. Гулдур-гулдури чархи тӯпҳо ва намуди боҳайбати онҳо мардуми надидаро ба воҳима ва ҳаяҷон оварда буд.

Пас аз гузаштани ҳарбиҳо калоншавандагони ғайри ҳарбӣ, ки аз одамони хосси амир буданд қатор шуданд. Онҳо ҷомаҳои шоҳӣ, зарбофт, саллаҳои сипоҳона (гирдаи сахт печонидашуда – шалғамӣ) ва камарбандҳои нукураю тилло доштанд. Пас аз гузаштани ин гурӯҳ боз як даста – «шербачаҳо»-и махсуси амир, ки либосҳои сабуки чаққон – нимкамзолҳои то зону, миёнбандҳои шоҳӣ, ханҷарҳо, гурзчаҳо ва шалворҳои васеъи афғонидӯхт доштанд, пиёда гузаштанд, вале аз амлокдорхона дур нарафта, атрофи дарвозахонаи онро иҳота карда гирифта истоданд. Баъд дуто-дуто аспҳои бисёр зеборо, ки хеле оро дода буданд – ба сарҳояшон тоҷ, ба сағраҳояшон ҷулҳои зардӯзӣ, зинҳои

пешина
аз 339
навбатӣ