Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

АдабиётТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

МАН, ПАДАРАМ ВА ДИГАРОН

Ман дар соли 1909, дар тирамоҳ, тақрибан дар моҳи сентябр ба дунё омадаам. Ин таърихро ман худам аз гуфтаи хешу таборон муайян кардам; набошад дар дастам ягон санад нест, ки синну соли маро муайян кунад. Зеро ки дар вақти таваллуди ман дар Бухоро амир ҳокимият дошт; ягон муассиса ва ё идораи қайди таваллудшудагон - ЗАГС набуд. Одатан падарони босавод ва китобхон дар муқоваи ягон китобашон менавиштанд, ки «Худои таоло дар фалон таърих, дар фалон рӯз ва дар фалон соат ба банда як фарзанди нарина (яъне писар) ё оҷиза (яъне духтар) ато намуд. Номашро фалонча мондем». Афсӯс ки падари ман бо вуҷуди босаводӣ ва китобхонӣ, ё ин корро фаромӯш кардаанд ва дар ягон китоб таърихи таваллуди маро нанавиштаанд, ё ки навишта бошанд ҳам, ҳамон китоб дар вақти ҷанги Колесов (соли 1917-18) дар Чорҷӯй, дар қатори ҳамаи чизҳои хонадони мо монда, гум шуд ва ё дар вақти ҷанг ва инқилоби соли 1920 дар Ғиждувон, дар қатори ҳамаи молу ашёи оилаи мо монда гум шудааст. Бале, оилаи мо ду толон, ду гурезогурезро аз сар гузаронид.

Дар соли 1917-18 мо дар Чорҷӯй будем. Падарам унвони Судуриро гирифта ба вилояти Чорҷӯй қозии шуда буд, ки он яке аз вилоятҳои калон, мирнишин ва ободи Бухоро ба шумор мерафт. Мири Чорҷӯй ҳамон вақт Муҳаммад Юнус буд. Чорҷӯй арк дошт, ки мир дар он ҷо менишаст. Падари ман бо мир Муҳаммад Юнус чандон созиш надошт. Вақте ки ҷанг сар шуд, шӯришгарон (инқилобчиҳо) ғолиб баромаданд. Қозӣ ва мир Чорчӯйро партофта гурехтанд. Дар ин бора дар поёнтар боз муфассал истода мегузарам, ҳоло сухан дар бораи толон дидани падари ман.

Дар соли 1920 мо дар Ғиждувон будем. Ду рӯз пеш аз ҷанг (намедонам дониста ва надониста) падарам зани калони худро бо мо (ман, акем ва хоҳарам) ба Бухоро фиристод. Мо бо худ чандон чизи бисёре нагирифта будем. Дар Бухоро, дар гузари Дегрезӣ ҳавлии калони дарун ба дарун асбобу ускунаю чизу чора доштем. Бинобар он ҳамаи чизу чораҳоро дар Ғиждувон монда омадем. Баъд ҷанг сар шуду мо боз толон дидем...

1 Судур - яке аз унвонҳои баланди уламои давраи амирӣ.

пешина
аз 339
навбатӣ