Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ЯК-ДУ СУХАН

Дар вақти сар карда навиштани ин саргузашт умрам ба ҳафтоду панҷсолагӣ расид. Хеле монда шудаам. Охир, ҳамаи асарҳои маро «дӯстонам» ҳамеша ба сари найза пешвоз мегиранд. Баъд аз оне, ки ман бо хуни ҷигар, бо талош ва азоби бисёр ба чоп кардани асарам муваффақ мешавам, хонандаи беғараз онро бо хушнудӣ ва бо мароқ ба даст мегирад ва ба ман изҳори миннатдорӣ мекунад. Намедонам, чаро ин тавр мекунанд ин «дӯстонам»! То ба кай, то ба кай ман бояд ҳам асар нависаму ҳам барои чоп кардани он хуни ҷигар хурам?!

Бале, айёми пирӣ ҳам расида омад. Аксари ҳамсолон ва ҳамсуҳбатон аз байн рафтанд. Ҳоло ман ба худ аҳд кардам, ки дигар роман наменависам. Фақат бо хоҳиши дил, завқ пайдо шавад ба даст қалам гирифта ягон асари бадеӣ менависам. Набошад, ҳамин ёддоштҳои умри гузаштаамро менависам. Дар бораи одамҳои бисёре, ки дар муддати зиндагиам ба ман вохӯрдаанд ё ки ман бо муносибате ба онҳо рӯбарӯ шудаам, менависам. Одамҳоро чӣ тавре, ки ман медонам ва ман фаҳмидаам, беғаразона, чӣ тавре ки ҳастанд, то тавонистам ҳар тарафа нишон додан мехоҳам. Ин дунё бо одам обод, бо одам барқарор гаштааст. Одамро ки тасвир кардам, замонаш, муҳиташ, кору борашро ҳам менависам.

Бигузор, хонанда аз ман хафа нашавад, ки чаро баъзеҳоро дар либоси сиёҳ, ё ки хокистарранг, баъзеҳоро дар ҷомаи гулгун ва сабз ва баъзеҳоро дар ҳилъати сафед тасвир кардаам. Ман беғараз, ҳар чӣ ки ҳаст менависам.
Худи тасвири беғаразона ба онҳо рангубор медиҳад, худи кор ва амалашон онҳоро сиёҳ ё сафед мекунад.

Мехоҳам, ки пеш аз ҳама худам ва аҷдодамро нависам. Дарахти шаҷараи мо нест ва авлодамон намедонанд, ки падару бобоҳои мо киҳо буданд.

пешина
аз 339
навбатӣ