Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Решаи наҳли куҳансол аз ҷавон афзунтар аст,
Бештар дилбастагӣ бошад ба олам пирро.
(Бедил)
Дарди сар кам буд, то тадбири сандал маҳв буд,
Нармии болину бистар халқро бемор кард.
(Бедил)
Гову хар аз огоҳӣ инсон нахоҳад гашт, лек –
Одамӣ гар андаке ғофил шавад, хар мешавад
(Бедил)
Ҳамин тавр сӯҳбатҳо мекардем. Ҳаминро ҳам қайд кунам, ки ҳар бор, вақто ки ба ҳавлии Изомӣ мерафтам, дасти холӣ намерафтам, албатта дастовези хубе мебурдам. Ба писарашон, ки аз тарафи котиби райкоми Когон фишор оварда шуда буд, ёрӣ расондам ва корашро дуруст кардам.
Барои ин як китоби «Духтари оташ»-ро ки дар Москва, нашриёти «Худ.Лит.» чоп карда буд ва китоби бисёр хуб ва камёб буд, бурда додам. Аммо он кас ба ман ягонта аз он китобҳои қимати худро надоданд. Ҳатто чанд бор пурсидам. Гуфтам ки то замоне, ки он китобҳо пӯсида нарафтаанд ва ё мушҳо нахӯрдаанд, камтар ба ман диҳед! Гуфтанд, ки не, пас аз мурданам бо васияти ман мегиред. Бовар дорам, ки васияте намекунанд ва китобҳошон нобуд мешавад.
Ҳамин соли 1978, вақто ки ҳамроҳи Муҳиддин Олимпур
– суратгири идораи газетаи «Адабиёт ва санъат» ба Бухоро
рафта ба лентаи видео сурат гирифтем, ӯ фаҳмид, ки
Изомӣ одами мӯътабар ва камёбанд, аз мо хоҳиш кард, ки
ба хонаи он кас рафта сураташонро ба лента (ба навор) гирем

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё