Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
ба ҳавлии Изомӣ рафтам, он кас як даста китобҳои аҷибро ба назди ман монда, ба таърифу тавсифи онҳо сар карданд. Мо баъзе китобҳоро мехондем ва сӯҳбате доштем, ки кайфи он ҳанӯз аз хотирам нарафтааст. Як вақте зани Изомӣ як табақ оши палав гирифта даровард ва мо бо иштиҳо ош хӯрдем ва то ними шаб чой хӯрда сӯҳбат кардем. Ин тавр сӯҳбатҳо дар хонаи Изомӣ борҳо такрор шудааст. Ман ба қувваи ҳофизаи он кас ҳайрон мемондам. Саъдӣ, Ҳофиз, Бедилро аз ёд медонистанд. Дар ҳар гапашон аз шеърҳои Бедил ва дигарон байте мегуфтанд. Чунончӣ:
Ростон аз сӯҳбати каҷтинатон каҷ мешаванд,
Кафш гардад з-ихтилоти пои каҷ ночор каҷ!
(Бедил)
Дарвеши шикастапо биёяд ба дарат,
Чизе баҳри барои равони падарат.
Зар ҷамъ кунӣ барои се бегона,
Шӯи зану домоду арӯси писарат.
(Нагуфтанд, ин шеъри кист)
Падаре гуфт бо писар дами марг,
Ки ту моро ба ҷону дил ҳавасӣ.
Солу маҳ баҳри ҷамъ кардани мол,
Насудудам ба рӯзу шаб нафасе.
Аблаҳӣ кардаму ҳама ба ту мондам,
Зиракӣ кун, бихӯр, намон ба касе!
(Муаллифаш номаълум)
Ду рӯз ҳазар кардан аз марг раво нест,
Рӯзе ки қазо ояду рӯзе, ки қазо нест.
(Ин шояд аз они худашон бошад)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё