Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Дар синфҳои боло, вақто ки мо дар бинои нави дорулмаулимин – дар Регистон мехондем, дарси адабиётро ба мо Абдурауф Фитрат медод (солҳои 1926-27). Ин кас яке аз муаллимҳои донотарини мо, яке аз бузургони соҳаи адабиёт буданд. Фитрат бухороӣ буда, яке аз мунавварулфикрони замони худаш мебошад. Дар вақташ ба Туркия рафта хонда, илм гирифта ва чандин китобҳои ватанпарварона, дилсӯзона ва халқдӯстона ба забони тоҷикӣ навишта буд: «Сайёҳи Ҳинд», «Мунозира», «Сайҳа», «Роҳбари Наҷот», «Оила» ва «Мусулмонони Дорулроҳат» барин китобҳои вай машҳур аст. Пас аз инқилоб «Ҳинд ихтилолчилари» (Шӯришгарони Ҳинд), «Абулфайзхон» барин пьесаҳо навиштааст. Вақто ки ман дар Дорулмаулимин мехондам, дар дастаи ҳаваскорони бадеӣ пьесаи «Абулфайзхон»-ро тайёр карда, ба саҳнаи калони театр – хонаи халқ гузоштем. Ман ҳам аз ин пьеса баъзе ролҳои сабукро бозидам, вале суфлёрӣ асосан вазифаи ман буд. Дар хотир дорам, ки бозии ҳаваскорони мо ба мардум хеле маъқул шуда буд ва мо онро чандинбор ба саҳна гузоштем, намоиш додем.
Фитрат пас аз инқилоби 1920 дар Бухоро нозири маориф буд. Мактаби мусиқии миллиро ташкил намуд. Домулло Ҳалим Ибодов, акамуллои Тоҳирҷон, Отағиёс, Отаҷалол барин классикони мусиқии Бухороро якҷо ҷамъ кард, ба дасти онҳо шогирдони бисёреро дод. Мутаваккил Бурҳонов ва Мухтор Ашрафӣ (композиторони машҳури Ӯзбекистон) ва дигарон тарбиядидагони ҳамон мактабе мебошанд, ки Фитрат ташкил дода буд. Вай профессор Мироновро чег зада оварда, ба вай Отаҷалол ва Отағиёсро ҳамроҳ карда ба нота навишта гирифтани мақомҳои Шашмақом сар кард. Афсӯс ки дар он вақт фақат китоби аввали Шашмақом бо нота чоп шуда баромаду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё